Дар шаҳри Хоруғ маросими супоридани дипломҳо дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Санаи 15 июни соли ҷорӣ дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ маросими хатми таҳсили донишҷӯёни Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ баргузор гардид. Дар ин маросим зиёда аз 200 меҳмон, аз ҷумла волидон ва дӯстони хатмкунандагон, омӯзгорон ва кормандон, саҳмгузорон ва шарикони донишгоҳ барои табрики 27 нафар донишҷӯ ҷамъ омаданд. Ин донишҷӯён Донишгоҳи […]

Варақаи иттилоотӣ

Санаи 15 июни соли ҷорӣ дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ маросими хатми таҳсили донишҷӯёни Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ баргузор гардид.

Дар ин маросим зиёда аз 200 меҳмон, аз ҷумла волидон ва дӯстони хатмкунандагон, омӯзгорон ва кормандон, саҳмгузорон ва шарикони донишгоҳ барои табрики 27 нафар донишҷӯ ҷамъ омаданд. Ин донишҷӯён Донишгоҳи Осиёи Марказиро бо ихтисосҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ хатм намуданд. Чунин маросими хатми таҳсил дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нарини Қирғизистон низ баргузор гардид, ки дар он 26 нафар донишҷӯ  бо ихтисосҳои илмҳои компютерӣ ва иртиботот ва ВАО таҳсилро ба итмом расонданд.

Меҳмони асосии  ин маросим дар шаҳри Хоруғ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод Ғанӣ ҳангоми суханрониаш боифтихор зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ҳомии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисони донишгоҳ мебошад. Вай аз ҳамкории қавӣ, давомдор ва гуногунҷанбаи байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки барои беҳтар намудани дастрасӣ ба омӯзиши босифат дар саросари Тоҷикистон имкониятро фароҳам меорад, изҳори хушнудӣ намуд.

Муовини вазир қайд кард, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ минбаъд низ ҳамкории зичи худро бо вазорат идома медиҳад. Вай суханони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро зимни ифтитоҳи бинои ин донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ дар соли 2018 ёдрас намуд: “Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ … на танҳо ба нафъи мамлакати мо мебошад, балки барои густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа дар соҳаи маориф хизмат хоҳад кард”. 

Дар маросим инчунин Малика Оғохон, узви Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба таври онлайн баромад намуда ба муассисони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ – ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои дастгириашон аз фаъолияти донишгоҳ изҳори сипос намуд. Вай ба хатмкунандагон муроҷиат карда гуфт, ки барои идомаи фаъолияти худ бо Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки то имрӯз тақрибан ба 250 000 донишҷӯ дар Осиёи Марказӣ хидмат расонидааст ҳамкории зич намоянд.

Аз номи хатмкунандагон Қызжибек Жанибекова аз кампуси Нарини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки донишгоҳро бомуваффақият хатм намуд, суханронӣ намуд.

Дар баромади худ Алӣ Велшӣ, хабарнигори MSNBC ва собиқ барандаи Ал-Ҷазира ва CNN дар бораи тачрибаи шахсӣ ва касбии худ нақл карда, хатмкунандагонро барои кори минбаъдаашон ҳидоят намуд.

Дар маросим инчунин меҳмонони дигари олиқадр, доктор Шамш Кассим-Лакҳа, раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва доктор Кристофер Герри, иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баромад карданд,

Дар ин маросим саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид гардид. Қаблан баъзе аз хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба донишгоҳҳои маъруфи байналмилалӣ, аз ҷумла донишгоҳи Браун, Дюк, Мичиган, Донишгоҳи Торонто, Донишгоҳи Саймон Фрейзер, Донишгоҳи Кембриҷ ва Донишгоҳи Миллии Сингапур барои идомаи таҳсил  қабул гардиданд. Хатмкунандагони дигар бошанд дар соҳаҳои иқтисод, муҳити зист, технология ва иттилоот соҳиби ҷойҳои кории муносиб гардида, дониши худро баҳри рушди ҷомеа ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

Дар маросими хатмкунӣ баромадкунандагон инчунин аз ташаббусҳои кунунӣ ва дурнамои дарозмуддати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Шабакаи Рушди Оғохон дар табдил додани шаҳри Хоруғ ба як шаҳри муосири донишгоҳӣ ва маркази ҷомеаи дониш  ёдрас намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.