Радиои Озодӣ: “Ҳамроҳхон Зарифӣ боздошт шудааст”

Asia-Plus

Ҳамрохон Зарифӣ, дипломати собиқадар ва вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки айни ҳол бознишаста буд, боздошт шудааст. Аммо мақомот ин хабарро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми июн тасдиқ кардаанд, ки Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи 12-уми июн дастгир шудааст. Ба гуфтаи яке аз манбаҳо, ӯ то рӯзи 16-уми июн дар Боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе нигаҳдорӣ мешуд, вале ҳоло намедонад, ки ӯ дар куҷост. Хабарҳое ба гӯш расид, ки пас аз бозпурсӣ раҳо шудааст, вале касе раҳоии ӯро тасдиқ накард.

Мақомот низ расман боздошт ё раҳо шудани ӯро тасдиқу рад накардаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки сабаби дақиқи боздошти ӯро намедонанд. Танҳо як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфтааст, “боздошт ба ҷинояти иқтисодӣ ва ба кораш дар сохтмони бинои Вазорати корҳои хориҷӣ рабт дорад”.

Ҳамрохон Зарифӣ дар рӯзе боздошт шудааст, ки Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, бо иттиҳоми “ғасби ҳукумат” боздошт шуд.

Мухолифони тоҷик боздошти Зарифиро ба парвандаи Усмонзода рабт доданд. Мақомот дар ин бора шарҳе намедиҳанд. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ӯ бо Саидҷаъфар Усмонзода робита дошт, вале рабт доштани боздошти ӯ ба парвандаи вакили собиқи порлумонро дақиқ намедонанд.

Бояд гуфт, ки хабарри боздошти Саидҷаъфар Усмонзода рӯзи 14-уми июн расонаӣ гардид. Он рӯз АМИТ “Ховар” аз ҷаласаи навбатии парлумон хабар нашр карда, навишт, ки бо пешниҳоди Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҳуқуқи дахлнопазирии вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода бекор карда буд. Додситони кулли кишвар дар назди вакилон гуфт, ки алайҳи Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди “в” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Вакилони ҳозир дар ҷаласа ба бекор шудани узвияти Усмонзода ва иҷозаи боздошти ӯ раъй доданд.

Наздикони Усмонзода ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки иттиҳоми талош барои ғасби ҳукумат “туҳмат аст ва ӯ дар зеҳнаш чунин нақшае надошт”.

Ёдовар мешавем, ки Ҳамрохон Зарифӣ аз соли 2006 то 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Баъди рафтан аз мақоми вазири корҳои хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол шуда, пайваста аксҳои зиёдеро аз ҷараёни сафарҳо ба хориҷ ва гаштугузор дар боғу гулгаштҳоро нашр мекард.

Пас аз ду соли барканорӣ аз мақоми вазири корҳои хориҷӣ, соли 2015, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон таъйин гардид. То соли 2018 дар ин мақом кор кард ва сипас бознишаста шуд.

Вай дар замони Шӯравӣ 19 сол дар сохтори КГБ, Кумитаи амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1993 ба кор дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузашта, солҳои 1995-1996 муовини вазир, 1996-2002 намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА ва СММ ва ҳамзамон сафир дар Австрия, Швейтсария ва Маҷористон, солҳои 2002-2006 сафир дар Амрико буд.

Ҳоло Ҳамрохон Зарифии 75-сола бознишаста аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...