Боздиди рӯзноманигорони Чин аз Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои чашми Душанбе

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм дар Душанбе аз 31 май то 16 июни соли 2024 таҳти унвони «Равшании чашм – 2024» духтурони чашм (офталмологҳо) аз Ҷумҳурии мардумии Чин беморонро бепул муоина ва табобат карданд.

Рӯзҳои 14-15 июн гурӯҳи рӯзноманигорони Чин аз рӯзномаи «Жэньминь Жибао» дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» аз ин дармонгоҳ боздид намуданд. Онҳоро ҳамкорон аз хабаргузориҳои «Азия-Плюс» ва «Ховар»-и Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.

Директори маркази мазкур Манижа Муминова зикр кард, ки дар ин Марказ аввалин маротиба бо иштироки табибони Чин иқдом (аксия)-и корвони тиббӣ баргузор шуд.

Дар доираи аксия табибони ҳар ду кишвар табодули таҷриба намуда, малака ва маҳорати касбии худро такмил доданд ва ба гирифторони бемории чашм кумаки тиббӣ расониданд.

Дар давоми ду ҳафта табибони чинӣ беш аз 520 беморро ройгон муоина намуда, табобат таъин карданд ва амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд.

«Қариб ҳамаи ин беморон одамони касбу кори гуногун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд, ки синни бештарашон аз 60-сола боло аст. Онҳо асосан аз катаракта ранҷ мебурданд», – гуфт мутахассиси чинӣ Ван Зао Вен.

Намояндаи Маркази ҳамкориҳои байналмилалии назди Комиссияи миллии тандурустии Чин хонум Чжан Сяокоу иттилоъ дод, ки дар доираи «Корвони саломатӣ» бо иштироки табибони ҳар ду кишвар машварати илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар доираи он дар мавзӯи бемориҳои чашм, навъу сабаб ва усулҳои табобати онҳо муҳокимаву музокира ва муколамаҳои муфид сурат гирифтанд.

Ҳамаи бемороне, ки кумаки тиббӣ гирифтанд, ба табибони чинӣ ва тоҷик изҳори минннатдорӣ карданд.

Ба гуфтаи яке аз онҳо Қурбон Абдуҳакимови 65-сола аз вилояти Хатлон, ӯ ҳатто интизор набуд, ки дар чанд дақиқа аз катаракта халос шуда, биноии чашмонаш беҳтар мешавад.

«Акнун озодона рӯзнома хонда метавонам, – мегӯяд бемор. – Пештар наметавонистам ба ҳарфҳо нигоҳ кунам, чашмонам аз фишор дард мекарданд ва ҳатто ҳарфҳои калонро ҳам дида наметавонистам. Акнун вазъам беҳтар шуд».

Мутахассисони Чин иттилоъ доданд, ки кишварашон ба Тоҷикистон таҷҳизоти муосир ва маводи дорувории бемориҳои чашм пешниҳод намуда, инчунин ба табодули донишҳои академӣ ва омӯзиши кадрҳо тақвият мебахшад, то ба Тоҷикистон дар омода кардани мутахассисон дар соҳаи бемориҳои чашм кӯмак кунад.

Иқдоми «Корвони саломатӣ» бо дастгирии Кумитаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ баргузор гардид. Ин аксияро Фонди China Health Express Foundation ва Фонди Health Express-и Гонконг таҳти роҳбарии Маркази байналмилалии табодули таҷриба ва ҳамкории Комиссияи миллии тандурустии Чин маблағгузорӣ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...