“Ҳуқуқи мо”: Лоиҳаи нави “Азия-Плюс” барои муҳоҷирон

Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои осон кардани кори муҳоҷирону гурезаҳои афғонистонӣ ва машварат ба онҳо ҷиҳати риояи қонуну қоидаҳои буду бош дар Тоҷикистон лоиҳаи нав роҳандозӣ кардааст. Ин лоиҳа зери унвони “Ҳуқуқи мо” тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад. Ровии ин лоиҳа Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст, ки собиқаи зиёди кор дар радиоро […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои осон кардани кори муҳоҷирону гурезаҳои афғонистонӣ ва машварат ба онҳо ҷиҳати риояи қонуну қоидаҳои буду бош дар Тоҷикистон лоиҳаи нав роҳандозӣ кардааст. Ин лоиҳа зери унвони “Ҳуқуқи мо” тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад.

Ровии ин лоиҳа Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст, ки собиқаи зиёди кор дар радиоро дорад. Барнома сар аз аввали моҳи июл ҳафтае як маротиба таҳия ва пахш мешавад.

Ин лоиҳа аз 11 гуфтори аудиоӣ иборат хоҳад буд, ки дар онҳо раванди қабули муҳоҷирон ва гурезаҳо дар Тоҷикистон, омодасозии ҳуҷҷатҳо, ҳуқуқи тиҷорат ва таҳсилилу табобат, қоидавайронкуниву ҷаримаҳо, ҳуқуқи буду боши муҳоҷирон ва гурезаҳо дар шаҳру навоҳии алоҳидаи Тоҷикистон, касбомӯзии муҳоҷирону гурезаҳо ва дигар мавзӯъҳои муҳим барои муҳоҷирон афғонистонӣ бо иштироки намояндаҳои мақомоти гуногуни Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Вобаста ба мавзуоти мавриди назар, дар қатори коршиносу мутахасисони ҳирфаӣ аз вазорату идораҳои Тоҷикистон, аз миёни муҳоҷирон ҳам ҳамсӯҳбатон интихоб карда мешаванд.

Аз ин миён, 7 мавзуи муҳимтарини ин лоиҳа дар шакли подкасти видеоӣ бо давомнокии 90 сония омода ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.