Ҷазо барои ҷодугарӣ сангин шуд: то 144 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 2 соли зиндон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барои соҳирӣ, ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷазо сахттар шуд. Ҳамакнун, барои ин кирдор то 144 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то 2 соли зиндон пешбинӣ гардид. Дар ин робита ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид шуд.

Мувофиқи моддаи 240 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ такроран машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ акнун ҷиноят ҳисобида мешавад.

“Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо дода мешавад”, – омадааст дар тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ.

Бар асоси нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 (1 нишондиҳанба ба 72 сомонӣ баробар аст) акнун соҳирону ҷодугарон барои такрори ин амал, аз 108 ҳазор то 144 ҳазор сомонӣ ҷарима карда мешаванд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн ба Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ” имзо гузошт ва он рӯзи 22-юми июн дар нашрияи расмии кишвар – “Ҷумҳурият” ба нашр расида, ҳукми иҷро пайдо кард.

Қаблан барои машғул шудан ба ҷодугариву фолбинӣ танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ гардида буд ва аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2 ҳазору 880 то 3 ҳазору 600 сомонӣ) ҷарима таъйин мегардид.

Ин аввалин чора дар мубориза бо ҷодугарон ва фолбинҳо нест. Моҳи апрели соли равон Вазорати  корҳои дохилии кишвар хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир амалиёти боздошти соҳирону ҷодугарону фолбинон дар Тоҷикистон зиёд шудааст. То кунун қариб 70 нафар ҷодугарону фолбинон фақат дар вилояти Хатлон боздошт шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...