Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин дар робита ба амали террористӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар Доғистон ба президенти Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад. “Муҳтарам Владимир Владимирович, мо дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори ҳамлаи золимонаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбентро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани кормандони […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар Доғистон ба президенти Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

“Муҳтарам Владимир Владимирович, мо дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори ҳамлаи золимонаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбентро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоиштаи Федератсияи Русия гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтем”, – омадааст дар барқия.

Дар барқия ҳамчунин гуфта мешавад, Тоҷикистон, ки беш аз 30 сол боз бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм мубориза мебарад, ин амалкарди ғайриинсонии зӯровариро дар Доғистон қотеъона маҳкум карда, аз ҳамкории фаъолона дар мубориза бо терроризм ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва Русия аъзои онҳо мебошанд, ҷонибдорӣ менамояд.

Дар фарҷоми барқия Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин, наздикону пайвандони фавтидагон ва ба тамоми мардуми Русияи дӯст таслияти амиқу ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хостааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 23 июн шахсони номаълум ба як каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва ду калисо (ибодатгоҳи масеҳиён) дар шаҳри Дарбент, ҳамчунин постгоҳи полис дар шаҳри Махачқалъа ҳамла карда, дар натиҷа 17 нафар, аз ҷумла 15 корманди пулис ҳалок шуданд.

Дар ин ҷойҳо реҷаи амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шуда, дар ҷараёни он чанде аз ҷангиён (ҳамлагарон) кушта шуданд. Маақомоти прокуратура тибқи моддаи 205 КҶ ФР (амали террористӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ин ҳодисаи фоҷаеабор аз 24 то 26 июн дар Доғистон рӯзҳои мотами миллӣ эълон шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.