Дар Тоҷикистон заминҳои кишти пахта зиёду майдони кишти зироатҳои ғалладона кам шуд

Дар Тоҷикистон мавсими киштукори баҳору тобистон ба охир расида, ҷамъоварии ҳосили баъзе маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон киштукори баҳорӣ дар майдони 440274 гектар ба нақша гирифта шуда, то 24 июн ин нақша 99,65% ё худ дар майдони 438 714 гектар ба иҷро расид. Дар муқоиса бо мавсими […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон мавсими киштукори баҳору тобистон ба охир расида, ҷамъоварии ҳосили баъзе маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон киштукори баҳорӣ дар майдони 440274 гектар ба нақша гирифта шуда, то 24 июн ин нақша 99,65% ё худ дар майдони 438 714 гектар ба иҷро расид.

Дар муқоиса бо мавсими киштукори соли гузашта имсол майдони кишти пахта (дар 5186 гектар, ҳамагӣ 185 607 гектар), растаниҳои равғандор (дар 734 гектар), картошка (дар 211 гектар), пиёзу сабзӣ, бодиринг ва дигар сабзавот (дар 1019 гектар) зиёд шуд.

Кишти зироати ғалладона (дар 10974 гектар), инчунин зироати полизӣ, карам, помидор ва растаниҳои хӯрока нисбатан кам шуд.

Ғайр аз ин, дар майдони 37 ҳазор гектар кишти такрории баъзе зироатҳо, аз ҷумла зироати ғалладона, биринҷ ва сабзавот идома дорад.

Дар баробари ин, ҷамъоварии ҳосили гандум ҷараён дошта, то имрӯз ҳудуди 414 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки 43%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳислнокӣ аз ҳар як гектар ҳудуди 41 сентнерро ташкил медиҳад, ки нисбат ба мавсимҳои пешина хеле зиёдтар аст.

То 24 июн дар Тоҷикистон зиёда аз 96 ҳазор тонна тарбузу харбуза ҷамъоварӣ шуда, ҳосилнокии онҳо 273 сентнер аз 1 гектарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар муқоиса бо соли 2023, имсол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон метавонад то 10% зиёд шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.