Полковник ва сардори пешини милитсияи Конибодом. Сардори нави раёсати ВКД дар Суғд кист?

Asia-Plus

Аввали моҳи июн, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар баробари чанд тағйироти кадрӣ дар ВКД, сардори Раёсати ин ниҳод дар Суғд, яке аз вилоятҳои аз лиҳози иқтисоди пешрафта дар кишвар низ иваз шуд. Ба ҷои Абдулло Навҷувонов, ки чанд сол баъди муовини вазир буданаш 4 сол сардори Раёсати ВКД дар Суғд буд, Маҳмадсафар Пирзода роҳбари нави Раёсати ВКД дар Суғд таъин гардид.

Баъди баканорӣ Абдулло Навҷувонов ҳоло ба ҳеҷ мансабе дар ВКД таъин нашудааст ва ӯ дар шуъбаи кадрҳо ҳамчун кадри захиравӣ қарор дорад.

Роҳбари нави Раёсати ВКД дар Суғд кист, чӣ таҷрибаи корӣ дорад ва қаблан дар куҷо кор кардааст?

Аз маълумоте, ки сомонаи ВКД нашр кардаст, бармеояд, ки Маҳмадсафар Пирзода (Қузратулло) 56 сол дошта, полковники милитсия мебошад. Вай зодаи шаҳри Кӯлоб буда, соли 1992 Мактаби олии милитсияи ВКД-и Иттиҳоди Шӯравиро дар шаҳри Уфаи Русия хатм кардааст ва аз моҳи августи соли 1988 дар мақомоти милитсияи кишвар кор мекунад.

Сардори нави Раёсати ВКД дар Суғд корро аз ваколатдор ва ваколатдори калони оперативии бахши кофтукови ҷиноятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Советский (ҳозира ноҳияи Темурмалик) сар карда, то сатҳи роҳбарӣ дар як қатор шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳии кишвар расидааст.

Ӯ дар солҳои гуногун сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Балҷувон, муовини сардор оид ба корҳои оперативии шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Балҷувон ва Восеъ буд.

Маҳмадсафар Пирзода давоми чанд сол ҳамчун сардори шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Мастчоҳ, Деваштич, Конибодом ва Файзобод буд.

ВКД гуфтааст, “Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло таҷрибаи тулонӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда дошта, бо назардошти малакаи касбӣ” сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таъин шуд.

Роҳбари милитсияи Суғд аълочии милитсия буда, бо медалу нишонҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.

ВКД нагуфтааст, ки Пирзода пеш аз таъин шуданаш ба ҳайси сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар куҷо кор мекард. Чанд манбаъи мо гуфтанд, ӯ то таъин шудан ба ин вазифа сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом буд.

Вохӯрии роҳбари нави Раёсати ВКД дар Суғд бо аҳолии Конибодом

Дар ҳамин ҳол, дар пайи кушторҳои пайдарпай ва овозаҳо дар бораи шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодом, сардори нави Раёсати ВКД дар Суғд як ҳафта пеш, 20-уми июн, бо сокинони бархе шаҳру деҳоти Конибодом мулоқот кардааст.

Ҳарчанд дар хабари ВКД дар бораи ин ҳодисаҳо ишорае нест, вале гуфта мешавад, ки “ҳадафи вохӯрии судманд ба маълумоти шаҳрвандон расонидани нуктаҳои муҳим ва дастуру супоришҳои мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ҳамзамон вобаста ба меъёрҳои қонунгузорӣ, риояи маданияти шаҳрдорӣ, бедор намудани масъулияти ватандӯстӣ ва таваҷҷуҳ ба тарбияи насли наврас” мебошад.

Сардори нави Раёсати ВКД дар Суғд ҳамчунин, шаҳрвандонро қабул карда, таклифу пешниҳоди онҳоро шунидааст.

Маълум нест, ки аҳолии Конибодом дар робита ба куштори пайдарпай ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш, ки онҳоро ба таҳлука андохтааст, суҳбат кардаанд ё не.

Хомӯшии давомдори мақомот

Ёдовар мешавем, ки аз оғози сол то ҳол ҳодисаҳои куштори дар шаҳри Конибодом рухдода ҷомеаро дар ҳолати тарс қарор додааст. Дар ин муддат 5 куштори оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта шуданд. Сокинон нигаронанд, ки бо гузашти 4 моҳ натанҳо ин кушторҳо ошкор нашуданд, балки мақомот шарҳе намедиҳад.

Танҳо 15-уми июн Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри гузорише аз ошкор гардидани ду  ҷиноят – куштор ва дуздӣ дар шаҳри Конибодом хабар дод, аммо ҳарду ҷиноят ба силсилаҷиноятҳои қаблӣ алоқа надоранд.

Талошҳои мо барои дастрас кардани шарҳи масъулини мақомоти милитсияи шаҳри Конибодом ва вилояти Суғд бенатиҷа анҷомид. Мо ҳамчунин ба ВКД ҳам барои шарҳи масъала мактуб ирсол кардем, вале то ҳол посухе дастрас накардаем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...