Сатру ҳиҷоб ва ҷинси даридаву либоси нимурён. Пӯшидани кадом либосҳо дар Тоҷикистон манъ шуд?

Asia-Plus

Дар асоси қонуни нави танзими ҷашну маросим, ки чанд рӯз пеш қабул гардид, дар Тоҷикистон пӯшидани сатру ҳиҷоб, “абая”-ҳои дарозу сиёҳ, ҷинсҳои дарида, либосҳои хеле кӯтоҳ ва нимурён манъ аст. Дар ин бора Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили парлумони Тоҷикистон зимни шарҳи мафҳуми “либосҳои бегона”, ки дар қонун зикр гардида, вале тафсир нашудааст, ибрози назар кард.

Ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон қонуни нави танзими ҷашну маросим қабул шуд, ки дар асоси он “воридоту фурӯш ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ гардид. Вале дар қонун гуфта нашудааст, ки кадом намуди либос “ба фарҳанги миллӣ бегона” аст ва фурӯшу пӯшидани он мумкин нест.

“Азия-Плюс” кӯшиш кард, аз вакилони парлумон, ки ин қонунро баррасӣ кардаанд, шарҳи мафҳуми “либоси ба фарҳанги миллӣ”-ро дарёфт кунад.

Баъди талоши зиёд, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили парлумон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, зери мафҳуми “либоси бегона” дар баробари ҳиҷоб ва сатр, инчунин, "абаяҳо"-и дароз ва сиёҳ, ки аз кишварҳои арабӣ омадаанд, ҷинсҳои дарида ва либосҳои хеле кӯтоҳ ва нимурён дохил мешаванд, ки дар асоси қонуни нав пӯшидани онҳо манъ аст.

Ба ҷои сатру ҳиҷоб ӯ пешниҳод кард, ки занони тоҷик метавонанд, рӯймол бо услуби тоҷикӣ – аз паси сар ва пушти гӯш баста, занҳои калонсол рӯймолҳои рӯшани зебо, ки як тарафи рӯймолро ба паҳлӯи дигар мегузоштанд, ба бар кунанд.

Вакили парлумон гуфт, “ҳамаи ин чораҳо барои пешгирӣ кардани таъсири фарҳанги бегона равона шудаанд”.

“Либоси миллии тоҷикӣ чӣ бадӣ дорад ва чаро занон ва духтарон ба ҷои либоси аҷдоди худ либоси бегонаҳоро авлотар медонанд?”, – суол гузошт Муҷибахон Ҷавҳарӣ.

Ӯ гуфт, ки либоси миллии тоҷикӣ ягон одоб ё меъёри диниро вайрон намекунад ва миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.

Вакил таъкид кард, ки ҳадафи қонун “нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, арзишҳо, худшиносӣ ва ҳувият, ки барои ҳар миллат муҳим аст. Ин чизҳо бидуни маҳдудияти вақт мебошанд, яъне абадан – имрӯз, фардо ва дар оянда".

Муҷибахон Ҷавҳарӣ илова намуд, ки қонуни қабулшуда маънои онро надорад, ки акнун аз сари модарон ва занони тоҷик рӯймолҳоро, ки рамзи фармонбардорӣ, эҳтиром ба асли худ ва дин мебошанд, кашида мешавад

Вакили парлумон гуфт, Тоҷикистон – давлати дунявӣ ва демократӣ аст, ки арзишҳои худ ва бегонаро эҳтиром мекунад. Аммо ҳар миллат бояд авлавиятро ба арзишҳои худ диҳад.

“Мо дар давлати дунявӣ ва демократӣ зиндагӣ мекунем. Мо наметавонем либосе, ки барои асрҳои гузашта хос аст, ташвиқ кунем. Ҳангоми интихоби либос бояд завқ ва хоҳиши ҷавононро ба назар гирифт. Ман ҷонибдори офаридани либоси муосир бо омезиши шаклҳо ва “орнамент”-ҳои либоси миллӣ (атлас, адрас, чакан) мебошам", – илова намуд ӯ.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ афзуд, қонун дар ҷомеа хуб қабул шуд, “ҳарчанд гурӯҳе бо идеяҳои радикалӣ зидди он баромаданд”.

Дар охир, ӯ пешниҳод кард, ки Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамроҳи тарроҳон намунаи либоси миллиро пешниҳод кунанд, ки барои ҳамаи занон бароҳат ва хос бошад.

Тасмими манъи пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овард. Ҳамчунин, дар шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш шуд, ки кормандони номаълум бархе занонро боздошт ва маҷбур мекунанд, то сатрашонро гиранд ва ё онро ба “усули тоҷикӣ” банданд.

Гурӯҳи дигар аз ин тасмим ҳимоят карданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон дар як баромади худ дар ТВ “Тоҷикистон” аз тарҳи ин қонун ҳимоят карда, гуфта буд, ки либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад.

Ин дар ҳолест, ки фурӯшандагон аз муқаррароти нави лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ибрози нигаронӣ доранд.

Барои риоя накардани он ҷарима таъин шудааст, вале ҳоло миқдори он муайян нест.

Қаблан, ин қонунро ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон қабул карда буд.

Лоиҳаи қонун аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон ворид шуд ва вакилон ҳам онро пазируфтанд. 

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, дар ҳузури вакилон ҳадафи ин тағйиротро “беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон” номида буд.

Ҳамчунин, дар шарҳи имзои ин қонун аз сӯи президенти кишвар гуфта шудааст, ки он “ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон…” қабул шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...