Занонро чаро мезананд? Андешаи сокинон дар бораи хушунати хонаводагӣ

Меҳрангез Султонзода, Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Asia-Plus

Солҳои охир зӯроварӣ дар оила, махсусан нисбат ба занон, дар ҷомеа зиёд баррасӣ мешавад, аммо сарфи назар аз чораҳои андешидашуда теъдоди он дар ҳоли афзоиш аст.

Дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои зӯроварӣ дар оила ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Дар Қирғизистон ҳарчанд хушунати хонаводагӣ вориди Кодекси ҷиноятӣ нашудааст, вале он доираи васеи амал дорад.

Дар Тоҷикистон то ҳол барои зӯроварӣ дар оила танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Мушаххасан, барои хушунати хонаводагӣ то 5 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ), яъне то 360 сомонӣ ҷарима ё ҳабс ба муҳлати то 15 шабонарӯз пешбинӣ шудааст. Муҷозоти муқарраргардида то куҷо самаровар аст? Аз сокинон пурсидем.

Ба андешаи ҳамсуҳбатони мо сабаби ҷой доштани хушунату зӯроварӣ дар оила дар камсаводиву надоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дониши кифояи динӣ аст.

Аксари пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки барои пешгирӣ ё кам кардани ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила мебояд ҷазои ҷиноӣ муқаррар кард.

Муфассал дар навор тамошо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...