5 соли зиндон ба роҳбари хоҷагии деҳқонӣ барои тамошо ва ҷонибдории наворҳои мамнӯъ

Date:

Додгоҳи вилояти Суғд роҳбари як хоҷагии деҳқониро барои тамошо ва ҷонибдории наворҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ гунаҳкор карда, ба 5-соли зиндон маҳкум намудааст.

Аз ин додгоҳ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Самӣ Махкамзода, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Шоҳин” дар шабакаи иҷтимоии “YouTube” бо номи  сохтаи “Globyc 3404”  саҳифа кушода, давоми ду соли охир ба саҳифаҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ обуна шудааст ва наворҳои дар онҳо нашршударо тамошо ва ҷонибдорӣ кардааст.

“Ӯ бо мақсади зиёд кардани обуначиёнаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои иғвоангезро аз саҳифаҳои мамнӯъ бознашр кардааст”, – зикр мегардад дар қарори додгоҳ.

Охири моҳи май бо ҳукми Додгоҳи вилояи Суғд барои амалҳои зикршуда Самӣ Махкамзода тибқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Назари маҳкумшуда, пайвандон ва ё вакили дифои ӯ дар бораи иттиҳом ва қарори додгоҳ маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз мавод ва наворҳои мамнӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн кардани он ҷиноят дониста мешавад. Ҳамасола садҳо нафар бо ин ҷурм равонаи зиндон мешаванд.

Масалан, танҳо соли 2023 дар вилояти Суғд 201 нафар бо ҷумри пайравӣ аз гурӯҳҳои ифродгаро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ равонаи зиндон шудаанд, ки  нисбат ба соли 2022 83 нафар бештар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...