Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи июл: гармӣ, чангу ғубор ва шамоли тағйирёбанда

Обуҳавои моҳи июл дар Тоҷикистон гарм ва ҳарорат каме бештар аз меъёри иқлимӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Миқдори боришоти моҳона дар аксари ноҳияҳо, ба ҷуз баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва ноҳияҳои шарқи ВМКБ, ки дар ин ҷойҳо боришоти зиёдтар пешбинӣ шудааст, пасттар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида шиддатнокии […]

Asia-Plus

Обуҳавои моҳи июл дар Тоҷикистон гарм ва ҳарорат каме бештар аз меъёри иқлимӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Миқдори боришоти моҳона дар аксари ноҳияҳо, ба ҷуз баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва ноҳияҳои шарқи ВМКБ, ки дар ин ҷойҳо боришоти зиёдтар пешбинӣ шудааст, пасттар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1º баландтар  пешгӯӣ шудааст.

Ҳарорат дар водиҳо 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 25+26º гармиро ташкил медиҳад. Нимаи дуюми моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 31+36º гарм то 37+42º гарм, рӯзҳои алоҳида дар ноҳияҳои ҷанубӣ то +44º гарм, дар доманакӯҳҳо аз 27+32º гарм то 33+38º гарм мешавад. Ҳарорати бартариятдоштаи шабонаи ҳаво дар водиҳо аз 17+22º гарм то 22+27º гарм, дар доманакӯҳҳо аз 13+18º гарм то 18+23º гарм дар назар дошта шудааст.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳои 0,5-5 мм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 6-21 мм). Дар рӯзҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Дар вилояти Суғд дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 31+36º гарм то 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 20+25º гарм то 27+32º гарм мешавад. Ҳарорати бартариятдоштаи шабонаи ҳаво дар водиҳо аз 17+22º гарм то 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 7+12º гарм то 12+17º гарм дар назар дошта шудааст.

Дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ҳарорат рӯзона аз 23 то 29 дараҷа ва рӯзона аз 10 то 26 дараҷа гарм мешавад.

Боришоти борон ва ба амал омадани раъду барқ дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с аз эҳтимол дур набуда, чангу ғубор ба амал меояд.

Дар шарқи ВМКБ ҳарорати моҳи июл рӯзона аз 10 то 26 дараҷа ва шабона аз 1 то 13 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио