Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд

Рӯзҳои 4-6 июли соли 2024 бо даъвати президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи сафар мулоқоти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ҳамчунин раиси Ҷумҳурии мардумии Чин дар дигар чорабиниҳои […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 4-6 июли соли 2024 бо даъвати президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи сафар мулоқоти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин раиси Ҷумҳурии мардумии Чин дар дигар чорабиниҳои расмӣ иштирок хоҳад кард.

Аз ҷумла, иштироки Си Ҷинпин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон дар назар аст. Айни замон корҳои ободонии гирду атрофи ин биноҳо дар арафаи анҷомёбӣ аст.

Ба иттилои ВКХ Чин, пеш аз ин Си Ҷинпин аз Қазоқистон боздид намуда, дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ин кишвар иштирок мекунад. Дар нишасти Созмон баррасии масоили марбут ба иқтисод ва энергетика пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки доир ба созишнома дар бораи ҷудо кардани кумаки бебозгашт барои сохтмони бинои ҳукумат ва маҷмааи парлумон дар Душанбе зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин дар моҳи сентябри соли 2017 тавофуқ ҳосил шуда буд.

Бинокорони Чин соли 2020 бевосита ба сохтмони ин биноҳо оғоз карданд. Он замон бо ин мақсад 1,5 млрд юан (ҳудуди 220 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо шуд.

Бинои парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз – 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Бинои ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст. Масоҳати қитъаи замини маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13  ошёнагии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио