Аз ҷудокорони тоҷик киҳо ба Олимпиадаи Париж мераванд?

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) номи ҳамаи ҷудокорнеро, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж ширкат меварзанд, эълон кард. Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ ба 6 роҳхати олимпӣ соҳиб шуд. Тавре ки IJF менависад, меъёрҳои интихобро 7 ҷудокори тоҷик иҷро карданд, лекин танҳр 6 нафари онҳо ба Олимпиада мераванд, зеро дар Париж дар […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) номи ҳамаи ҷудокорнеро, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж ширкат меварзанд, эълон кард. Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ ба 6 роҳхати олимпӣ соҳиб шуд.

Тавре ки IJF менависад, меъёрҳои интихобро 7 ҷудокори тоҷик иҷро карданд, лекин танҳр 6 нафари онҳо ба Олимпиада мераванд, зеро дар Париж дар як вазн аз ҳар кадоме аз дастаҳои мунтахаб 1 нафар иштирок мекунад.   

Инҳо Темур Раҳимов (+100 кг), Нуралӣ Эмомалӣ (+66 кг), Сомон Маҳмадбеков (+81 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (+73 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (90 кг) мебошанд. Ба Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) квотаи минтақавӣ дода мешавад.

Дар мусобиқаҳои ҷудо дар Олимпиадаи Париж ба сурати умум 372 варзишгар иштирок мекунанд: ҳар кадоме аз Кумитаҳои олимпӣ ба пешниҳоди ҳадди ниҳоӣ 14 ҷудокор ҳуқуқ дорад – 7 зан ва 7 мард дар ҳар як вазн. Ҷудокорон аз 105 кишвар соҳиби ҷоизаҳо мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи июн бо ташаббуси раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир варзишгарон-ҷудокороне, ки барои иштирок дар Олимпиада роҳхат дарёфт карданд, ҳар кадоме бо 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ба гуфтаи муовини раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков, айни замон мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон дар шароити кӯҳсор таҳти роҳбарии мутахассиси Ҷопон Тамур Тори ва мураббиён Фотеҳ Маҳмадбеков ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба Бозиҳои олимпӣ омодагӣ мегирад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба дарёфти 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 2 медали биринҷӣ ноил гардид. Медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров, нуқраро – гӯштингир Юсуф Абдусаломов ва 2 медали биринҷиро – ҷудокор Расул Боқиев ва Мавзуна Чориева дар мусобиқаи бокс байни занон ба даст оварданд.

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.