Дарёи Панҷ ба даҳҳо ҳазор аҳолии вилояти Хатлон хатар дорад

Билоли Шамс, махсус барои Asia-Plus

Сутунҳои заифи соҳили дарёи Панҷ метавонанд ба зиёда аз 80 ҳазор аҳолии вилояти Хатлони Тоҷикистон зарар расонанд. Ин дарёи ноором хусусан ба сокинони деҳаҳои ноҳияи Фархор хатар дорад.

Ба гуфтаи пирони деҳа, сатҳи баланди об дар дарёи Панҷ соли 1973 ба қайд гирифта шуда буд. Аммо он вақт об ба аҳолӣ таҳдид надошта, барои обёрии заминҳои кишоварзии ноҳия истифода мешуд.

Имрӯз дар ҷойи заминҳои пештараи кишоварзӣ деҳаҳо пайдо шуда, дарёи нором аз соҳилҳои худ баромад ва хонаҳои сокинони деҳа зери об монд.

Зери назорати мақомоти давлатӣ ва бо дастгирии соҳибкорон

Вазъияти мавҷударо мақомоти ноҳия ва ҷумҳурӣ зери назорати худ гирифтаанд. Барои бартараф намудани хавф ситод ва таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Фархор комиссия таъсис дода шудааст.

Соҳили дарёро бо сангҳои калони гирд (лӯнда), ки аз кӯҳҳои наздик оварда мешаванд, мустаҳкам мекунанд. Корҳои мустаҳкамкунии соҳил шабонарӯзӣ ҷараён доранд.

«Агар об хоктеппаи соҳилро шуставу вайрон кунад, тақрибан 8400 хона ё худ зиёда аз 80 ҳазор аҳолӣ метавонанд осеб бинанд, – мегӯяд Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Фархор. – Деҳаҳои Дарқад, 20-солагии Тоҷикистон ва Фархор зери хатар қарор доранд. Аммо бештар аз ҳама дарё ба ҷамоати Муҳоҷиробод таҳдид мекунад. Об 260 метр ба наздикии маҳаллаҳо ҳаракат карда, ҷараёни тез ба сутунҳои соҳил таҳдид мекунад».

Ба гуфтаи мансабдор, айни замон бо ёрии техникаи дастрасшуда 2000 санги даврашакл оварда шудааст, ки бо онҳо қисмҳои хатарноки соҳил мустаҳкам карда шудаанд.

Аз ин вазъият сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, ки дар ҷараёни сафари кории худ аз маҳал боздид кард, низ огаҳ аст.

Ба гуфтаи Назирӣ, натанҳо мақомоти давлатӣ, балки соҳибкорони маҳаллӣ низ кумак мекунанд. Бо ёрии онҳо барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 450 мошин санг оварда шудааст.

«Дар баъзе ҷойҳо мо бо гузоштани блокҳои бетонӣ дар қаъри дарё то чуқурии 18-24 метр соҳилро мустаҳкам мекунем. Ҳозир дар сарчашмаҳои дарёи Панҷ мавсими фаъоли обшавии барф ва ях оғоз шудааст, ки то август давом мекунад. Ин маънои онро дорад, ки баландшавии сатҳи об то охири мавсими тобистон қатъ намешавад», – иброз дошт раиси ноҳия.

Маблағи зиёд лозим аст

Мошинҳои боркаш блокҳои мустаҳкамкунандаро танҳо шабона меоранд, зеро дар мавсими гармо рӯзона ҳаракати мошинҳои боркаши калон маҳдуд аст.

Тавре ки  Зариф Назирӣ зикр намуд, такягоҳҳои муҳофизатии соҳили дарёи Панҷ дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҳанӯз дар замони шӯравӣ гузошта шуда, аммо бинобар тағйири самти дарё ҷараёни шадид онҳоро аз байн бурд. Барои дубора барқарор кардани такягоҳҳо дар ин қитъа маблағи зиёд лозим аст.

«Соли 2012 чунин вазъият дар ҷамоати Хутан рух дод. Бинобар селҳои шадид дарё аз соҳил баромада, дар натиҷа роҳ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ вайрон шуд, – мегӯяд Абдулло Ҳусайнов, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Фархор. – Корҳо он вақт ҳам мисли ҳозира шабонарӯзӣ иҷро мешуданд. Сутуну такягоҳҳои соҳил бо блокҳои бетонӣ мустаҳкам шуда, акнун имрӯз дар ин ҷамоат об ба аҳолӣ таҳдид намекунад».

Лоиҳа оид ба ҳифзи минтақаҳои осебпазир

Ноҳияи Ҳамадонӣ пайваста ба таҳдиди обхезиҳои калон осебпазир аст. Чунин вазъият дар маҳаллаи Чубек низ ба миён омада буд. Бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва техникаи пешниҳодшуда аз ҷониби Раёсати беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Фархор ва Кӯлоб вазъият ба эътидол оварда шуда буд.

«Пас аз боздиди ахири Қоҳир Расулзода супориш дода шуд, ки оид ба ҷойҳои хатарноки дарёҳои Панҷ, Сурхоб, Яхсу лоиҳа таҳия карда шуда, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии кишвар пешниҳод гардад.  

Лоиҳа бояд панҷ ноҳияи таҳти хатарро дар бар гирад: Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Темурмалик, – гуфт Нуралӣ Муминов, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб. – Бо фармони ҳукумати Тоҷикистон, ба ин ноҳияҳо аллакай 5,5 ҳазор тонна сементу арматура оварда шуда, 1 ҳазор блоки бетонӣ тайёр карда шудааст».

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...