Гутерриш ба Қирғизистону Тоҷикистон ҳалли мусолиматомези масъалаи марзиро таманно кард

"Мо бовар дорем, ки масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ, осоишта ва тавассути музокирот ба мисли Ӯзбекистон ҳал мешавад", – гуфт дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба президенти Қирғизистон Садир Жапаров зимни мулоқоти рӯзи 2 июл дар шаҳри Чолпон-Ота. Дар ин бора АКИпресс хабар медиҳад. “Бигзор Қирғизистон рамзи сулҳ шавад. Шумо баҳри сулҳофарӣ хоҳ […]

"Мо бовар дорем, ки масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ, осоишта ва тавассути музокирот ба мисли Ӯзбекистон ҳал мешавад", – гуфт дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба президенти Қирғизистон Садир Жапаров зимни мулоқоти рӯзи 2 июл дар шаҳри Чолпон-Ота. Дар ин бора АКИпресс хабар медиҳад.

“Бигзор Қирғизистон рамзи сулҳ шавад. Шумо баҳри сулҳофарӣ хоҳ масъалаи марзӣ ё дигар масъалаҳо бошад, кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳед. Ман ду маротиба дар водии Фарғона будам ва медонам, ки масъалаи ҳалли марзҳо чӣ қадар душвор аст. Ин ҷо мисли як муаммост. Талошҳо лозиманд, то ки ҳама чизро бифаҳмему ҳал кунем”, – зикр кард Гутерриш.

Дабири кулли Созмон ҳамкориҳои байни Қирғизистон ва СММ-ро “хуб” арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид дошт, ки Қирғизистон дар ҳамаи соҳаҳое, ки СММ ҳам ба он машғул аст, фаъолона кор мекунад.

Дар девони вазирони Қирғизистон хабар додаанд, ки дабири кулли СММ шоми дирӯз, 1 июл ба Қирғизистон ташриф овардааст.

Дар ҷараёни сафари Антониу Гутерриш дидору гуфтушуниди ӯ бо вазири  корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев низ дар назар буда, ҳамчунин ӯ бо ҷараёни татбиқи яке аз лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ шинос мешавад.

Пеш аз ин Антониу Гутерриш аз Ӯзбекистон боздид намуд. Дар бораи сафари дабири кулли СММ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ рӯзи 28 июн СММ хабар дод.

Сафари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон рӯзҳои 4-5 июл ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.