Ғалабаи мақомсарои тоҷик дар озмуни ҷаҳонии “Мақом” дар Ӯзбекистон

Дар озмуни байналмилалии “Мақом”, ки имсол дар Ӯзбекистон баргузор гардид, Хуршед Иброҳимзода, шашмақомсарои тоҷик сазовори ҷойи аввал  шуд. Ба ӯ диплому ҷоиза ва 10 ҳазор доллари ИМА тақдим карданд. Хуршед Иброҳимзода мақомсаро ва солисти Консерваторияи миллӣ аз номи Тоҷикистон дар конкурси мазкур баромад намуд. Ӯ дар муддати 30 дақиқа панҷ сурудро иҷро кард ва аз […]

Дар озмуни байналмилалии “Мақом”, ки имсол дар Ӯзбекистон баргузор гардид, Хуршед Иброҳимзода, шашмақомсарои тоҷик сазовори ҷойи аввал  шуд. Ба ӯ диплому ҷоиза ва 10 ҳазор доллари ИМА тақдим карданд.

Хуршед Иброҳимзода мақомсаро ва солисти Консерваторияи миллӣ аз номи Тоҷикистон дар конкурси мазкур баромад намуд. Ӯ дар муддати 30 дақиқа панҷ сурудро иҷро кард ва аз рӯйи номинаи “Иҷроиши якка” ғолиби ҷойи аввал гардид.

“Ман ғолибиятро интизор набудам. Вақте маро сазовори ҷойи якум эълон намуданд, ҳаяҷон маро фаро гирифт. Ифтихор менамоям, ки дар ин ҷашнвораи бузург санъату фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ кардам”,‑ гуфт Хуршед Иброҳимзода.

Ӯ илова намуд, ки вақте аз номи Тоҷкистон ба форуми мазкур роҳ ёфт, мақсад гузошт, ҷойи ифтихориро соҳиб шавад.

“Аз рӯйи талаботи озмун ҳар як иштирокчии конкурс як силсилаасар аз сурудаҳои шашмақом бояд иҷро мекард. Мо якчанд сурудҳои навро бо номи силсилаи “савти ушшоқ”, “фурӯғи савти ушшоқ”, “ушшоқи Содирхон”, “соқиномаи савти ушшоқ”,  “тавқинчаи савти ушшоқ” барои озмун омода кардем ва манзури тамошобинон ва ҳайяти ҳакамон намудем. Иҷро ва ҳунари мо аз тарафи ҳакамони озмун баҳои баланд гирифт”, ‑ нақл намуд мақомсарои тоҷик.

Рӯзи 30‑юми июн озмуни мазкур ҷамбаст шуда, ба ғолибон диплому ҷоиза ва маблағҳои пулӣ супорида шуд.

“Гран-при”-и ҷашнвораро Алӣ Асғар, солисти ансамбли “Форс” аз давлати Эрон соҳиб шуд.

Ёдрас мешавем, ки Озмуни байналмилалии “Мақом” дар доираи Конфренсияи II байналмилалии мақом аз 26 то 30‑юми июн дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон баргузор шуд.  Дар форуми мазкур 95 сароянда аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Чин, Марокаш, Туркманистон, Урдун, Ҷопон, Тунис, Ҳиндустон, Миср, Индонезия, Туркия, Қатар, Ӯзбакистон ва ғайра ширкат доштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.