Эрон расман низоми раводидро бо Тоҷикистон лағв кард, аммо бо 4 шарт

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҳайати вазирони Эрон рӯзи 30-юми июн номаи тасвиби лағви раводид бо Тоҷикистонро имзо ва расонаӣ кард. Дар ин бора аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. 

Бар асоси ин номаи тасвиб, Вазорати корҳои хориҷаи Эрон муваззаф шудааст, ки муқаррароти лағви раводид миёни ҳукумати Эрон ва ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кунад. 

 

Шартҳои Эрон

Дар ҳамин ҳол, Эрон низоми раводидро бо шартҳои зеринро лағв кардааст:

– давомнокии будубош: 30 рӯз;

– намуди сафар: танҳо сафари ҳавоӣ;

– масир: аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс;

– шарти амали мутақобила: дар сурати амали мутақобилаи ҳукумати Тоҷикистон;

 

Рӯзи лағви низом муайян мешавад

Аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз имзои номаи тасвиби лағви раводид аз ҷониби Эрон огоҳӣ доранд.

“Акнун масъалаҳои ҳуҷҷатгузориву муқаддамотӣ дар ВКХ Эрон баррасӣ мешавад ва пас аз он дар ин маврид расман ба ВКХ Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Таъкид гардид, ки танҳо баъди ба анҷом расидани масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, рӯзи ба иҷро даромадани лағви низоми раводид муайян ва бо мактуби расмӣ ҷониби Тоҷикистон огоҳ карда мешавад. 

 

Яке аз охирин ташаббусҳои Иброҳим Раисӣ

Ба иттилои сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Ҳайати вазирони Эрон ҳанӯз дар замони зинда будани раиси ҷумҳури қаблӣ Иброҳим Раисӣ номаи лағви раводид миёни Тоҷикистону Эронро ба имзо расонидааст.

"Аммо аз сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш бо марҳум Иброҳим Раисӣ ин масъала то рӯзи 1-уми июл ба таъхир афтод ва кунун нусхаи номаро ба ниҳодҳои марбута, аз ҷумла ба Мақоми муаззами раҳбарӣ, Дастгоҳи раисҷумҳур ва Вазорати корҳои хориҷа равон карданд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло вазоратҳои корҳои хориҷаи Эрону Тоҷикистон масъалаҳои муқаддамотии иҷроро баррасӣ мекунанд.

 

Таърихчаи пешбинии лағви низоми раводид

Таърихи пешбинии лағви низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон ба сафари охирини расиҷумҳури марҳуми Эрон Иброҳим Раисӣ ба Душанбе мепайвандад. Моҳи ноябри соли 2023 дар ҷараёни сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид ба имзо расида буд.

Он вақт гуфта мешуд, ки лағви раводид барои як моҳ дар назар аст ва он пас аз гузаштани расмиёти дохилӣ, эҳтимолан баъди як моҳ, расман ҷорӣ мегардад. Аммо то ҳол он аз расмиёти дохилии ду кишварро пурра нагузаштааст.

Ин санадро аз ҷониби мо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард ва ҷузъиёти онро махзани ягонаи иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр намуд.

Дар он ҳадафи лағви раводид рушди муносибатҳои дӯстона миёни мардумони ду кишвар гуфта шудааст.

Сафари бидуни раводид бо мақсадҳои тиҷоратӣ, корӣ, сайёҳӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон имконпазир аст. Аммо шаҳрвандони ду кишвар, ки барои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва матбуотӣ мехоҳанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд, бояд раводид бигиранд.

Ғайр аз ин, яке аз шартҳои асосӣ ин аст, ки шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандон бояд на камтар аз 6 моҳ эътибор дошта бошад.

Чаро ва бо кадом мақсадҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон мераванд? Бештар дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...