Чин ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон зиёда аз 5 млрд доллар маблағгузорӣ кард

Саҳми Ҷумҳурии мардумии Чин дар таҳкими рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ ва сармоягузорӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон танҳо дар соҳаи энергетика бо Чин 35 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шуда, зиёда аз 57,2 млрд сомонӣ (беш аз 5,3 млрд доллар) ҷалб шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон […]

Саҳми Ҷумҳурии мардумии Чин дар таҳкими рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ ва сармоягузорӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон танҳо дар соҳаи энергетика бо Чин 35 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шуда, зиёда аз 57,2 млрд сомонӣ (беш аз 5,3 млрд доллар) ҷалб шудааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумот дод.

Миёни лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, ки аз ҷониби Чин маблағгузорӣ шудааст, метавон аз Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2, зеристгоҳҳои барқии 500 кВт «Душанбе-500», «Суғд-500», Хатҳои интиқоли барқи 500 кВт «Ҷануб-Шимол» (263,8 км), «Роғун – Душанбе» (198 км), зеристгоҳҳои 220 кВт «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», Хатҳои интиқоли барқи 220 кВт «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд» – Айнӣ» ном бурд.

Барои амалисозии ин лоиҳаҳо Бонки содироту воридоти Чин 880 млн қарзҳои имтиёзнок ҷудо кард.

Дар баробари ин, сармоягузории мустақими ширкатҳои Чин ба бахши энергетикаи Тоҷикистон 197 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи электроэнергетика дар Тоҷикистон ширкатҳои зерини Чин кор мекунанд: ширкати бузурги лоиҳакашӣ ва сохтмони Power Construction Corporation of China Limited (Power China); ширкати электротехникии TBEA Company Limited; яке аз ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар соҳаи телекоммуникатсияи Huawei ва ширкати энергетикии Sinohydro International Engineering.

Ҳамчунин: ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти трансформатор Pinggao Group Co Ltd, яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи электроникаи Shenzhen Kaifa Technology ва дигар ширкатҳо.

Ҳамаи онҳо ба сифати паймонкор ё таҳвилгари таҷҳизот дар амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ иштирок мекунанд.

Ҳамчунин дар соҳаи нафту гази Тоҷикистон бо Корпоратсияи миллии нафту гази (China National Petroleum Corporation, CNPC)-и Чин ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Тайи соли ахир бо ширкатҳои TBEA ва Powerchain дар бораи рушди сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия Еддоштҳо ба имзо расиданд. Дар доираи ин санадҳо омӯзиш ва сохтмони неругоҳҳои барқи бодӣ ва офтобӣ пешбинӣ гардида, ширкатҳо ният доранд, ки сохтмони як силсила чунин неругоҳҳоро бо иқтидори умумии 1500 МВт дар қаламрави Тоҷикистон маблағгузорӣ ва бунёд кунанд.

Чин аллакай дар самти сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ” ва Данғара” бо иқтидори 1000 МВт фаъолият дошта, дар ҳаҷми 400 млн доллар маблағгузорӣ мекунад.

Коршиносон зикр мекунанд, ки сафари қарибулвуқуи раиси Чин Си Ҷинпин ба Душанбе ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи энергетика такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.