Боздошти вакили Маҷлиси вакилони халқи Суғд барои тасарруфи беш аз 1 млн сомонӣ

Як вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо иттиҳоми тасарруфи беш аз 1 млн сомонӣ пули буҷет аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод боздошт шудааст. Ҳоло парвандаи ӯ дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод, Усмонов Қ.И., вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Саразм”, №29, ки ҳамзамон аз соли 2019 дар вазифаи сардори […]

Як вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо иттиҳоми тасарруфи беш аз 1 млн сомонӣ пули буҷет аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод боздошт шудааст. Ҳоло парвандаи ӯ дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод, Усмонов Қ.И., вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Саразм”, №29, ки ҳамзамон аз соли 2019 дар вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон фаъолият доштааст, зимни иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Сохтмони пойгоҳи обкашӣ дар мавзеи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент” беш аз 1 млн сомониро тасарруф намудааст.

“…қубурҳои қаблан истифодашударо бо нархи нисбатан арзон харидорӣ намуда, дар як маврид фарқияти маблағи 1 068 650 сомонии ба ин мақсад пешбинишударо, ки ба ў бовар карда супорида шуда, дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф намудааст”, – менависад ин ниҳод.

Ҳамакнун, Оҷонсии зиддифасод нисбати Усмонов Қ.И. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз карда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.

Назари худи муттаҳам ва ё вакили дифои ӯ дар бораи иттиҳоми эълоншуда маълум нест.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати боздошти мансабдор бо ҷурми фасод давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент нест. Қаблан Оҷонсии зиддифасод чанд масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”-ро бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ боздошт карда буд.

Дар бораи назари мансабдорон ба фасод ва шеваи мубориза бо он аз матлаби мо маълумоти бештар гиред.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.