Оби дарёи Сугак аз соҳилҳо баромада, маҷрои дарёи Сурхобро дар Лахш баст

Asia-Plus

Рӯзи 2 июл дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш дар мавзеи Ҳавзак бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфу яхи кӯҳҳо сатҳи оби дарьёи Сугак боло рафт.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ин об аз соҳилҳо берун шуда,  500 метр қитъаи ин роҳро шуст ва дар чор нуқта сими барқро хароб кард.

“Дар айни замон роҳ баста аст ва корҳои бартараф кардани паёмадҳои офат идома доранд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, рӯзи 2 июл Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Сангвор бо мақсади муайян кардани ҳаҷми зарари расида аз сел дар деҳаи Ёзганди ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор ба фаъолият пардохт.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи ин офати табиӣ 10 хона пурра, 4 хона қисман ва 18 хоҷагии ёрирасону 29 қитъаи наздиҳавлигии сокинон осеб дидааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки роҳи мошингарди Лаби-Ҷар-Маркази Сангвор дар километри 49-ум муваққатан баста буда, корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ идома доранд.

“Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, аз ҷумла сангу хок ва лойқаи сел  техникаи вазнин сафарбар шудааст. Корҳои расонидани кумак ба аҳолии осебдида оғоз шуд”, – иттилоъ медиҳад Кумита.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 5 июл дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари омадани сел дар маҳалҳо вуҷуд дорад. Ҳарорат дар саросари ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 37-39 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои аз 2 то 6 июл дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бар асари чангбод аз самти ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...