Бо истифода аз сӯхтор дар бозори Ҷайҳун сокини маҳаллӣ мехост ороишоти тиллоиро бидуздад

Дар бозории марказии ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) кормандони милитсия сокини шаҳраки Дӯстии ҳамин ноҳияро боздошт намуданд, ки мехост ашёи аз сӯхтори рӯзи 1 июл эминмондаро бидуздад. Тавре ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, боздоштшуда Абдуваҳҳоб Каримови 41-сола мехост аз сӯхтор ва “фурсати қулай” ба фоидаи худ истифода барад. Ӯ аз ҷониби кормандони милитсия, […]

Дар бозории марказии ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) кормандони милитсия сокини шаҳраки Дӯстии ҳамин ноҳияро боздошт намуданд, ки мехост ашёи аз сӯхтори рӯзи 1 июл эминмондаро бидуздад.

Тавре ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, боздоштшуда Абдуваҳҳоб Каримови 41-сола мехост аз сӯхтор ва “фурсати қулай” ба фоидаи худ истифода барад.

Ӯ аз ҷониби кормандони милитсия, ки дар хомӯш кардани сӯхтор ва ҳифзи ашёи эминмонда ба оташнишонон кумак мекарданд, боздошт шуд.

Раёсати ВКД-вилоят мушаххасан маълумот надодааст, ки ӯ чӣ ашёҳоро дуздиданӣ буд, лекин тавре ки дар сурати хабар дар сомонаи Раёсат дида мешавад, ин ашё ороишоти тиллоӣ ба назар мерасад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо мусодираи молу мулк пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои ВКД, сӯхтор растаҳо ва нуқтаҳои савдои бозорро дар масоҳати 2830 метри мураббаъ фаро гирифта, сабаби ҳодисаи сӯхтор тибқи хулосаи санҷиши пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ҳодисаи мазкур зарари ҷисмонӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар беморхонаи ноҳияи Ҷайҳун гуфтаанд, ки дар пайи сӯхтор чор нафар ба онҳо муроҷиат карда, пас аз кӯмаки аввалия ба хона рухсат шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки дар аксар ҳолат риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.