Акнун 10 давлат. Беларус ба узвияти СҲШ пазируфта шуд

Asia-Plus

Дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон санадҳо дар бораи ба узвияти Созмон пазируфтани Беларус ба имзо расид.

“Кишвари шумо дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи расмиёти заруриро ҷиҳати узви комилҳуқуқ шудан иҷро кард”, – гуфт президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба сарвари давлати Беларус Александр Лукашенко.

Ба ин тариқ, шумори аъзои СҲШ то 10 давлат расид: Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон,  Русия, Ҳиндустон, Чин, Покистон ва Эрон. Боз ду кишвар мақоми нозири созмонро доранд: Афғонистон ва Муғулистон.

Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис дода шуда, ҳадафаш таҳкими эътимоди мутақобила, ҳамкорӣ баҳри рушди иқтисод ва муқовимат ба таҳдиду чолишҳо унвон шудааст. Дар созмон таъкид мекунанд, ки он аломатҳои эътилофи ҳарбӣ надорад. Забонҳои расмиаш русӣ ва чинӣ мебошад.

Нишасти дурӯзаи СҲШ дар Остона имрӯз, 4 июл ба анҷом мерасад. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев қаблан изҳор дошт, ки иштирокчиёни нишасти Остона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо даъвати оғоз намудани муколамаи ошкоро ва содиқонаи глобалӣ, қабули сохт (парадигма)-и нави амниятӣ, эҷоди муҳити одилонаи иқтисодӣ ва талошҳо барои ҳифзи тозагии сайёра муроҷиат хоҳанд кард.

Дар мақолаи раиси Чин дар “Казинформ” Си Ҷинпин изҳор доштааст, ки нишасти Остона «оилаи бузурги кишварҳои узви иттиҳодро муттаҳид намуда, саҳифаи навро дар ҳамкорӣ боз хоҳад кард».

Ёвари президенти Русия оид ба корҳои байнулмилалӣ Юрий Ушаков эълон кард, ки сарварони давлатҳои СҲШ 24 санад имзо хоҳанд кард, аз ҷумла қарор дар бораи тасдиқи ташаббус «Дар бораи ваҳдати ҷаҳонӣ барои ҷаҳони одилона ва ризоият», ки ба «тасдиқи садоқат ба ташаккули тартиботи ҷаҳонии бештар сернамоянда, демократӣ, одилона ва бисёрқутбӣ бо нақши асосии ҳамоҳангсози СММ» равона шудааст. Ҳамчунин, интизор меравад, ки сарварони давлатҳо Изҳорот дар бораи принсипҳои ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикӣ қабул кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...