Конибодом: Марде, ки дар куштори оилаи худ муттаҳам мешуд, ҷабрдида эътироф гардидааст

Asia-Plus

Бо гузашти беш аз 3 моҳ пайвандони як оилае, ки дар Конибодом кушта шуданд, мегӯянд, қотили воқеӣ пайдо нашудааст ва барои пайдо кардани он омодаанд 100 ҳазор сомонӣ диҳанд. Падари хонавода, ки он замон дар баъзе расонаҳо чун қотили 4 узви хонадони худ муаррифӣ гардида буд, ҳамакнун ҷабрдида эътироф шудааст. Аммо мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд.

Ҳодисаи куштори пурсарусадои 5 узви як хонавода дар кӯчаи Комил Ёрматови шаҳри Конибодоми вилояти Суғд шаби 29 ба 30-юми марти 2024 рух дод. Он замон баъзе расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки Муҳиддин Шарифови 65-сола ҳамсар, келин ва ду набераашро буғӣ карда кушта, пасон худро ба дор овехтааст. Вале мақомот ҳодисаро расман шарҳ надоданд.

Ҳамакнун, бо гузашти беш аз 3 моҳ, Кабир Шарифов, писари Муҳиддин Шарифов, гумонбар ба қатли аъзои хонадон, мегӯяд, аз таҳқиқи қатли аъзои хонаводааш қаноатманд нест.

“Аз куштори аъзои оилаамон беш аз се моҳ сипарӣ шуд, аммо то ҳол қотили воқеӣ пайдо нашудааст”, – зикр мекунад Кабир Шарифов.

Ӯ, ки замони рух додани ҳодиса дар хориҷа қарор доштааст, мегӯяд, ҳеҷ бовар надорад, ки падараш қотил бошад, зеро пас аз куштор аз хона маблағу тилло гум шудааст ва мантиқан, падари, тибқи фарзияи аввал ироашуда, муттаҳам ба куштор, ки худ низ ҷон бохтааст, наметавонист пулу тиллоро дуздад.

“Мо – фарзандон даҳҳо бор ба мақомот даъват ва бозпурсӣ шудем. Ҳар ҳуҷҷату далеле, ки дар даст доштем, пешниҳод кардем. Деворе, ки  изи пой ва хароша дошт, низ нишон додем. Дар бораи гум шудани маблағу тилло ҳам иттилоъ додем, аммо то ҳол асли қазия рӯшан нашудааст”, – мегӯяд Кабир Шарифов.

Ӯ мегӯяд, падараш бемор ё майзада набуд. Ҳамчунин, пас аз марг дар баданаш захмҳои зиёд ва дар гарданаш изи корд буд.

Охирин иттилои тоза, ки дирӯз, 3-юми июл Кабир Шарифов расонид, бекор кардани иттиҳоми “қотил” нисбати падараш будааст.

“Ҳафтаи гузашта аз додситони шаҳри Конибодом хабар доданд, ки бегуноҳии падарам собит шудааст ва иттиҳоми “қотил” нисбати ӯ бекор гардидааст”, – гуфт Кабир Шарифов.

Дар додситонии шаҳри Конибодом, ки таҳқиқи кушторро ба зимма дорад, касе ҳозир нашуд ҳодисаро шарҳ диҳад.

Дар Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом гуфтанд, ки дар робита ба ин куштор то ҳол касе боздошт нашудааст.

Фарҳод Носиров, корманди ин шуъба 3-юми июл дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “ҷиҳати ошкор кардани ҷинояти куштори оилаи Шарифовҳо корбарӣ рафта истодааст, аммо то имрӯз ягон нафар ҳамчун гумонбар боздошт нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, Кабир Шарифов ва додари ӯ Каримҷон Шарифов мегӯянд, омодаанд барои пайдо кардани қотили аъзои оилаашон – падараш Муҳиддин Шарифови 65-сола,  модараш Марям Шарифоваи 60-сола, ҳамсараш Фирӯза Шарифова ва фарзандон  Абӯбакр Шарифов ва Азиза Кабирзода 100 ҳазор сомонӣ пардохт кунанд.

Бояд зикр кард, ки ин ягона ҳодисаи куштори пурсарусадои аъзои як оила дар шаҳри Конибодом нест. Аз моҳи март то имрӯз танҳо бо ҳисоби мақомот 5 куштори оилавӣ дар шаҳри Конибодом рух дод, ки дар натиҷа 15 нафар кушта шуданд. Кушторҳои падарпайи оилавӣ дар шаҳр ва ошкор нашудани ин ҷиноятҳои махсусан вазнин мардумро ҳаросзада кардааст.

Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ  наворҳое (аз камераҳои назоратӣ бардошта шудааст) мечархад, ки дар он дида мешавад, шахсони ниқобпӯш кӯшиши ба хонаҳои мардум воридшавӣ мекунанд. Ин ҳолат боис гардидааст, ки мардуми баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Конибодом ситод ташкил карда, то саҳар дар кӯчаҳо навбатдорӣ намоянд.

Аммо мақомот ин ҳамаро расман шарҳ намедиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...