Зиёда аз 500 муҳоҷир маҷбурӣ аз Хабаровск хориҷ шуданд

Asia-Plus

Аз оғози сол зиёда аз 500 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишвари Хабаровск ва Вилояти Мухтори Яҳудиён (ЕАО)-и Русия маҷбурӣ хориҷ шудаанд. Дар ин бора Саараёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни додгоҳи ин минтақаҳо дар шабакаи Telegram хабар медиҳанд.

“Аз оғози соли 2024 ин ниҳодҳо 512 муҳоҷири ғайриқонунии дар ин минтақаҳо қарордоштаро аз қаламрави Русия хориҷ карданд”, – омадааст дар хабар.

Маълум нест, ки миёни ихроҷшудагон чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд.

Дар шабакаи Telegram зикр мегардад, ки дар гурӯҳи охири ихроҷшуда 45 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳузур доштанд. Бо қарори додгоҳ онҳо мутобиқи моддаи 18.8 КҲМ Русия (Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ риоя накардани қоидаҳои вуруд ба Русия) ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд.

Акнун вуруд ба Русия ба онҳо ба муҳлати 5 сол манъ мешавад.

Моҳи июн ВКД Русия хабар дода буд, ки аз оғози сол зиёда аз 30 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия ихроҷ шуда, ба 100 ҳазор хориҷиён вуруд ба кишвар манъ шуд. Ҳамаи онҳо ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур дошта, қоидаҳои будубош тибқи қонунгузориро риоя намекардаанд.

Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Омск рӯзи 2 июл аз натиҷаҳои марҳилаи аввали амалиёти “Нелегал-2024” хабар доданд: ҳудуди 300 ҳолатҳои қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст.

“Додгоҳҳо дар бораи ихроҷи 18 нафар хориҷиён аз қаламрави Русия қарор содир намуданд. Се шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ ва ба 36 нафар вуруд ба кишвар манъ шуд”, – хабар медиҳанд ВАО.

Қобили зикр аст, ки пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар моҳи март, ки дар он якчанд шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, дар шаҳрҳои Русия оид ба ошкор сохтани муҳоҷирони ғайриқонунӣ рейдҳои густарда анҷом дода мешаванд.

Лекин ин натанҳо ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дахл кард, балки дар фурудгоҳҳо садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон чандин соат мавриди санҷиш қарор гирифта, аксариятро бидуни ягон асос ба кишвар роҳ намедиҳанд ва бозпас ба Тоҷикистон бармегардонанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...