Зиёда аз 500 муҳоҷир маҷбурӣ аз Хабаровск хориҷ шуданд

Аз оғози сол зиёда аз 500 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишвари Хабаровск ва Вилояти Мухтори Яҳудиён (ЕАО)-и Русия маҷбурӣ хориҷ шудаанд. Дар ин бора Саараёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни додгоҳи ин минтақаҳо дар шабакаи Telegram хабар медиҳанд. “Аз оғози соли 2024 ин ниҳодҳо 512 муҳоҷири ғайриқонунии дар ин минтақаҳо қарордоштаро аз қаламрави Русия хориҷ карданд”, – омадааст […]

Asia-Plus

Аз оғози сол зиёда аз 500 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишвари Хабаровск ва Вилояти Мухтори Яҳудиён (ЕАО)-и Русия маҷбурӣ хориҷ шудаанд. Дар ин бора Саараёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни додгоҳи ин минтақаҳо дар шабакаи Telegram хабар медиҳанд.

“Аз оғози соли 2024 ин ниҳодҳо 512 муҳоҷири ғайриқонунии дар ин минтақаҳо қарордоштаро аз қаламрави Русия хориҷ карданд”, – омадааст дар хабар.

Маълум нест, ки миёни ихроҷшудагон чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд.

Дар шабакаи Telegram зикр мегардад, ки дар гурӯҳи охири ихроҷшуда 45 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳузур доштанд. Бо қарори додгоҳ онҳо мутобиқи моддаи 18.8 КҲМ Русия (Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ риоя накардани қоидаҳои вуруд ба Русия) ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд.

Акнун вуруд ба Русия ба онҳо ба муҳлати 5 сол манъ мешавад.

Моҳи июн ВКД Русия хабар дода буд, ки аз оғози сол зиёда аз 30 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия ихроҷ шуда, ба 100 ҳазор хориҷиён вуруд ба кишвар манъ шуд. Ҳамаи онҳо ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур дошта, қоидаҳои будубош тибқи қонунгузориро риоя намекардаанд.

Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Омск рӯзи 2 июл аз натиҷаҳои марҳилаи аввали амалиёти “Нелегал-2024” хабар доданд: ҳудуди 300 ҳолатҳои қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст.

“Додгоҳҳо дар бораи ихроҷи 18 нафар хориҷиён аз қаламрави Русия қарор содир намуданд. Се шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ ва ба 36 нафар вуруд ба кишвар манъ шуд”, – хабар медиҳанд ВАО.

Қобили зикр аст, ки пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар моҳи март, ки дар он якчанд шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, дар шаҳрҳои Русия оид ба ошкор сохтани муҳоҷирони ғайриқонунӣ рейдҳои густарда анҷом дода мешаванд.

Лекин ин натанҳо ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дахл кард, балки дар фурудгоҳҳо садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон чандин соат мавриди санҷиш қарор гирифта, аксариятро бидуни ягон асос ба кишвар роҳ намедиҳанд ва бозпас ба Тоҷикистон бармегардонанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.