Барои суиқасд ба куштор ва тамаъҷӯӣ додгоҳ сокини Дӯстиро ба 22 соли зиндон маҳкум кард

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додгоҳ сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  Абдумумин Ҷӯрақулзодаи 29-соларо ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои суиқасд ба куштор ва роҳзанӣ (тамаъҷӯӣ) гунаҳкор эътироф шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз додгоҳи вилоят хабар дод, Ҷӯрақулзода шаби 14 ба 15 декабри соли гузашта ба ҳамсояи худ дарафтодааст.

“Ҷӯрақулзода бо ниқоб ва корд даст ба хонаи ҳамсояи худ Абдурасул Усанов ворид шуа, 500 ҳазор сомонӣ пул талаб кардааст. Вақте ки соҳибхона ин талабашро иҷро накарда, бо ӯ ҷанҷол мекунад, муяссар мешавад, ки ниқобро кашад ва Абдулмумин Ҷӯрақуловро шиносад”, – гуфтанд дар додситонӣ.

Ба иттилои манбаъ, барои пинҳон кардани ҷинояти худ Ҷӯрақулзода ба ҷисми Усанов бо корд якчанд зарба мезанад.

Зикр шуд, ки ҷинояткор хаёл мекунад, ки Усанов ҳалок шудааст ва аз ин рӯ, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

“Лекин ҷабрдида ба беморхона бистарӣ шуда, табибон ҳаёти ӯро наҷот доданд, – мегӯяд манбаъ. – Баъди ба худ омадан Усанов баёнот дода, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Абдумумин Ҷӯрақуловро дастгир карданд”, – илова кард манбаъ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...