Барои суиқасд ба куштор ва тамаъҷӯӣ додгоҳ сокини Дӯстиро ба 22 соли зиндон маҳкум кард

Додгоҳ сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  Абдумумин Ҷӯрақулзодаи 29-соларо ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои суиқасд ба куштор ва роҳзанӣ (тамаъҷӯӣ) гунаҳкор эътироф шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз додгоҳи вилоят хабар дод, Ҷӯрақулзода шаби 14 ба 15 декабри соли гузашта ба ҳамсояи худ дарафтодааст. “Ҷӯрақулзода […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Додгоҳ сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  Абдумумин Ҷӯрақулзодаи 29-соларо ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои суиқасд ба куштор ва роҳзанӣ (тамаъҷӯӣ) гунаҳкор эътироф шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз додгоҳи вилоят хабар дод, Ҷӯрақулзода шаби 14 ба 15 декабри соли гузашта ба ҳамсояи худ дарафтодааст.

“Ҷӯрақулзода бо ниқоб ва корд даст ба хонаи ҳамсояи худ Абдурасул Усанов ворид шуа, 500 ҳазор сомонӣ пул талаб кардааст. Вақте ки соҳибхона ин талабашро иҷро накарда, бо ӯ ҷанҷол мекунад, муяссар мешавад, ки ниқобро кашад ва Абдулмумин Ҷӯрақуловро шиносад”, – гуфтанд дар додситонӣ.

Ба иттилои манбаъ, барои пинҳон кардани ҷинояти худ Ҷӯрақулзода ба ҷисми Усанов бо корд якчанд зарба мезанад.

Зикр шуд, ки ҷинояткор хаёл мекунад, ки Усанов ҳалок шудааст ва аз ин рӯ, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

“Лекин ҷабрдида ба беморхона бистарӣ шуда, табибон ҳаёти ӯро наҷот доданд, – мегӯяд манбаъ. – Баъди ба худ омадан Усанов баёнот дода, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Абдумумин Ҷӯрақуловро дастгир карданд”, – илова кард манбаъ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.