Вазорати кишоварзӣ: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 100% афзуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 100% афзуд.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 21,4 млн сомониро ташкил дод, ки 109,6% зиёдтар нисбат ба 6 моҳи соли 2023 мебошад.

Дар сохтори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ба мушоҳида мерасад, ҳам дар растанипарварӣ ва ҳам дар чорводорӣ.

Аз ҷумла, ба маблағи 14 802 млн сомонӣ маҳсулоти растанипарварӣ истеҳсол шудааст, ки 110,9%-и нишондиҳандаи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маҳсулоти чорводорӣ 6 670 млн сомониро ташкил дода, ба 106,7% баробар аст.

Бино ба маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли зироати ғалладона дар ин давра 685 340 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 900 тонна зиёдтар мебошад. Картошка дар ҳаҷми 267 111 тонна истеҳсол шуда, 5 501 тонна зиёд шудааст.

Ҳамчунин имсол 129 050 тонна сабзавот (111,4% нисбат ба соли гузашта), 113 747 тонна биринҷ (138,0%), 39 408 тонна мева (121,3%), 362 тонна ангур (115,4%) ва 15 821 тонна зиёдтар хӯрокаи чорво (103,6%) истеҳсол шудааст.

Дар соҳаи чорводорӣ низ тамоили мусбат ба қайд гирифта шуда, дар зарфи 6 моҳи соли равон 107,6 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки 6,8 ҳазор тонна ё худ 6,7% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2023 дар Тоҷикистон 342 ҳазор тонна гӯшти гову гӯсфанд, инчунин зиёда аз 55 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шуд.

Сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт, он ҳоло ҳам наметавонад талаботи аҳолиро қонеъ кунад. Бино ба маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли гӯшт бо вазни зинда ҳудуди 235-240 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо назардошти вазни гӯшт пас аз забҳ бо меъёри 40,8 кг он тақрибан ба 24 кг гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол рост меояд.

Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон дар сатҳи 58% худро бо гӯшт таъмин мекунад ва ин дар муқоиса бо 25-30%-и даҳ сол пеш хеле беҳтар буда, лекин ҳоло ҳам кофӣ нест ва рушди минбаъдаи соҳаи чорводориро тақозо мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...