2500 сомонӣ кӯмакпулии давлат. Вазорати меҳнат гуфт, дурӯғ аст, бовар накунед

Date:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабари пардохти 2500 сомонӣ кӯмакпулӣ ба нафарони миёни солҳои 1994-2024 коркардаро рад намуд ва гуфт, ин асоси воқеӣ надорад.

Бояд гуфт, вақтҳои охир чанде аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гирифтани паёмҳо аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки тибқи он гӯё нафарони миёни солҳои 1994-2024 коркарда ҳақ доранд аз ин вазорат дар ҳаҷми 2500 сомонӣ кӯмакпулӣ гиранд, шикоят доштанд. Ба гуфти шаҳрвандон, ба паём пайванде замима шудааст, ки тавассути он гӯё метавон номи худро дар рӯйхати нафароне, ки бояд кӯмакпулӣ гиранд, санҷид.

Дар робита ба ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки хабар оид ба пардохти маблағ аз ҷониби вазорат ба аҳолӣ асоси воқеӣ надорад. 

“Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ба ин гуна паёмҳо бовар накунанд ва ба пайванду файлҳои нафари бегона ирсолнамуда ворид нашаванд”, – навишт ин ниҳод.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати қаллобӣ тавассути интернет ё паёмҳои телефонӣ нест. Қаблан ҳам қаллобон борҳо бо пешниҳоди кори сердаромад дар хориҷа, ирсоли хабарҳои бардурӯғ, зангҳои фейкӣ аз номи наздикони ҷабрдидагон ва ғайра ба маълумоти шахсӣ, рақами кортҳои бонкӣ ва пули шаҳрвандон соҳиб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша чунин хабару паёмҳоро рад карда, ба кори дасти қаллобон будани он таъкид кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...