Сокини Душанбе барои фотеҳатӯйи пуршукӯҳи духтараш ҷарима мешавад

Сокини шаҳри Душанбе барои риоя накардани меъёрҳои қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима мешавад. Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 13 июл шаҳрванд Раҷабалӣ Ширинзода адр кӯчаи Н.Хусрав ба муносибати оиладоршавии духтараш фотеҳатӯйи пуршукӯҳ гузаронид. Сарфи назар аз меъёрҳои қонунгузорӣ, дар маърака меҳмонони зиёд иштирок карда, тӯҳфаҳо тақдим […]

Сокини шаҳри Душанбе барои риоя накардани меъёрҳои қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима мешавад.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 13 июл шаҳрванд Раҷабалӣ Ширинзода адр кӯчаи Н.Хусрав ба муносибати оиладоршавии духтараш фотеҳатӯйи пуршукӯҳ гузаронид. Сарфи назар аз меъёрҳои қонунгузорӣ, дар маърака меҳмонони зиёд иштирок карда, тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ширинзода тибқи талаботи моддаи 481 қисми 2 КҲМ ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуд.

Мувофиқи ин моддаи Кодекс, маблағи ҷарима барои шахсони воқеӣ 129 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (8 ҳазору 640 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор – 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазору 200 сомонӣ) муқаррар шудааст.

Барои ҷалби Ширинзода ба ҷавобгарӣ видео ва суратҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби меҳмонон асос шуданд. Зери он корбарон шарҳҳои манфӣ гузошта, изҳор намуданд, ки “барои риоя накардани меъёрҳои қонун танҳо мардуми одӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда, сарватмандон ва афроди маъруф дар канор мемонанд”.

Қобили зикр аст, ки дар сабтҳои видео дида мешавад, ки дар маърака сарояндагони маъруфи эстрада Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, инчунин модари онҳо Сурайё Қосимова ҳузар доранд. Ҳамаи онҳо ба келини оянда туҳфаҳо тақдим мекунанд. Корбарони шабака менависанд, ки духтар келини хоҳари калонии хонадони сарояндаҳо мешавад (келини Бибирӯзигул, духтари калонии Сурайё Қосимова – эзоҳи идора).

Ёдрас мекунем, ки моҳи июн қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар таҳрири нав қабул шуд. Нисбат ба қонуни пешина дар он ҷазоҳо барои риоя накардани талаботи қонун сангинтар шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.