Ҳушдор: Сокинони Осиёи Марказӣ обро оқилона истифода намебаранд

Тавре ки Telegram-канали Геостатистика хабар медиҳад, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба 10-гонаи пешсафи истеъмолгарони об дар ҷаҳон дохил мешаванд. Барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо кишварҳои рушдёфта қариб 3 баробар зиёдтар об истифода мешавад. Истифодаи ғайриоқилонаи об дар бахши кишоварзӣ боиси нигаронии зиёд аст. Тақрибан 50% заминҳои обёришаванда ба шӯршавӣ […]

Тавре ки Telegram-канали Геостатистика хабар медиҳад, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба 10-гонаи пешсафи истеъмолгарони об дар ҷаҳон дохил мешаванд.

Барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо кишварҳои рушдёфта қариб 3 баробар зиёдтар об истифода мешавад.

Истифодаи ғайриоқилонаи об дар бахши кишоварзӣ боиси нигаронии зиёд аст. Тақрибан 50% заминҳои обёришаванда ба шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ дучор мешаванд, ки ин натиҷаи номукаммалии системаҳои обёрӣ ва заҳкашӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, сарфи солонаи об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин аст:

Сарфи об дар Тоҷикистон ба соҳаҳои зерин рост меояд:

Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, айни замон теъдоди аҳолии 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз 78 млн нафарро ташкил медиҳад. То соли 2050 дар натиҷаи афзоиши пешбинишудаи демографӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то 90-100 млн одам зиндагӣ карда, норасоии об ба 25-30% мерасад.

Дар ҳамин ҳол, эҳтиёҷ ба манбаъҳои обӣ, ки барои заминҳои обёришаванда истифода мешаванд, то соли 2030 метавонад 30% афзоиш ёбад.

Вақти сарфакорӣ фаро расидааст!

Ба ақидаи мутахассисони Бонки авруосиёии рушд (БАОР), нисбат ба тамоми сайёра, ҳарорат дар минтақа тезтар афзоиш меёбад, дар 50 сол 30%-и пиряхҳо об шуданд.

Қисми зиёди об барои обёрӣ сарф шуда, заминҳои обёрӣ 66% ММД-и кишоварзии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Вазъиятро фарсудагии зерсохтор, ки ба ҳисоби миёна 50 сол кор мекунанд, инчунин талафоти зиёди об ҳангоми поккорӣ (филтршавӣ ) аз намак – 40% бадтар мекунад.

Ҳамчунин маҷрои об аз Амударё аз ҷониби Афғонистон, ки лоиҳаҳои нави гидротехникиро амалӣ мекунад, коҳиш меёбад.

Пешниҳод мешавад, ки барои пешгирии норасоии об, ҳар сол 5 млрд метри мукааб об сарфа карда шавад, пас талафот то соли 2030 ба 30% коҳиш меёбад.

Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда, БАОР ба кишварҳои минтақа чунин чораҳоро тавсия медиҳад: таъсиси Шӯрои байналмилалии об ва энергетика ва рушди ҳамкории бонкҳои рушд, ҷорисозии технологияҳои рақамии ҳисобгирии об ва технологияҳои муосири ҳамворкунии заминҳо бо лазер, таҳкими ҳамкорӣ бо Афғонистон, таъсиси кластер барои истеҳсоли таҷҳизоти муосири обёрӣ ба ҷои аз дигар кишварҳо об гирифтан.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.