Дар Душанбе ҷавонеро рабудаву барои раҳоӣ 30 ҳазор сомонӣ талаб карданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳодисаи рабуда шудани сокини 21-солаи шаҳр Абӯбакр Ҳоҷизода мавриди тафтиш қарор дорад, ки бо мақсади пул гирифтан барои раҳоии ӯ 30 ҳазор сомонӣ ба даст оварданӣ буданд. Ин ҳодиса ҳанӯз моҳи июн рух дода, аммо Раёсати ВКД-и пойтахт дар ин бора танҳо имрӯз хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, пас аз бедарак шудани Абӯбакр кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ намуда, ҳамчун гумонбар шаҳрванд Хуршед Гулонови 36-сола, сокини шаҳри Душанберо, ки бо ҷурми дуздӣ қаблан суд шудааст, дастгир намуданд.

“Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки гумонбаршуда гирифтори нашъамандӣ буда, ҷавонро бо мақсади гирифтани 30 ҳазор сомонӣ аз волидони Абубакр ба ивази раҳоиаш рабудааст”, – гуфтанд дар Раёсат.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда Абӯбакрро аз кӯчаи Деҳотӣ рабуда, дар таҳхонаи манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор дар шароити ниҳоят вазнин нигоҳ дошта, зери шиканҷа ва латукӯб қарор додааст.

Дар бораи чӣ гуна аз гумонбар огаҳ шудани кормандони милитсия хабар дода нашуда, танҳо зикр гардид, ки “дар натиҷаи кори пурсамару мураттаби кормандони милитсия ин ҷиноят ошкор карда шуд”.

Дар Раёсат изҳор намуданд, ки Абӯбакр Хоҷазода тасодуфӣ ҷабр дидааст, зеро “Гулонов ӯро дар вақти хумори истеъмоли нашъа гирифтанаш рабуда”, лекин ба пул талаб кардан аз волидонаш фурсат наёфтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Хуршед Гулонов айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаҳои 130 қисми 2 (Одамрабоӣ) ва 250 қисми 2 (Тамаъҷӯӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Мувофиқи моддаи якум ӯ метавонад ба маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 12 сол ва моддаи дуюм – аз 10 то 12 сол ҷазо гирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...