Бунёди 138 мактаб ва бинои иловагӣ то оғози соли хониш. Аммо ин ҳоло ҳам кам аст

То оғози соли нави хониш дар Тоҷикистон 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва биноҳои иловагӣ ба истифода дода мешавад, ки дар он 29 ҳазору 968 хонанда метавонанд таҳсил кунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд. То охири соли 2024 бошад, тибқи иттилои ин ниҳод, боз 218 иншооти дигар сохта […]

То оғози соли нави хониш дар Тоҷикистон 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва биноҳои иловагӣ ба истифода дода мешавад, ки дар он 29 ҳазору 968 хонанда метавонанд таҳсил кунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд.

То охири соли 2024 бошад, тибқи иттилои ин ниҳод, боз 218 иншооти дигар сохта ба истифода дода мешавад, ки дар он 42 ҳазору 984 хонанда таҳсил карда метавонанд.

“Дар соли 2024 тибқи маълумоти омории дастрасгардида дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, дарназар дошта шудааст, ки то охири соли равон қисми зиёди иншооти мазкур мавриди истифода қарор дода мешаванд”, – иттилоъ медиҳад Вазорати маориф ва илм.

Бояд гуфт, сарфи назар аз сохтмони мактабҳо ҳанӯз ҳам норасоии муассисаҳои таълимӣ дар кишвар як мушкили мубрам боқӣ мемонад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Паёми худ ба порлумон дар моҳи декабри соли 2023 қайд карда буд, ки соли гузашта 200 муассисаи нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар онҳо 85 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

“Аммо ин кифоя нест, зеро ҳудуди 73 ҳазор хонанда бе ҷой мондаанд”, – гуфт ӯ.

Коршиносон бар ин назаранд, ки барои ҳалли мушкили камбуди муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон бояд суръати сохтмони мактабҳоро тақрибан ду баробар афзоиш дода, дар як сол ҳудуди 200 мактаби иловагӣ бунёд кард. Дар баробари ин, сатҳи афзоиши аҳолиро низ ба назар бояд гирифт.

Айни ҳол, бинобар норасоии мактаб дар Тоҷикистон, дарсҳо дар баъзе мактабҳо дар се баст роҳандозӣ шуда, таҳсили то 40-50 хонанда дар як синф низ мушоҳида мешавад. Ин боиси норозигии сокинон низ гардидааст.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, то моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 4 ҳазор мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият мекунад.

Дар будҷаи давлатии соли 2024 барои соҳаи маориф 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023 (7 миллиарду 210 миллион сомонӣ) 1 миллиарду 21 миллион сомонӣ (ё 12,5 фоиз) бештар аст.

Қаблан “Азия-Плюс” ҳисоб карда буд, ки барои сохтмони як мактаб бо 1000 ҷой ба ҳисоби миёна 1,5 миллион доллар лозим аст. Яъне барои таъмини 73 ҳазор хонанда ҳудуди 110 миллион доллар лозим аст, ки ҳудуди 1 миллиарду 210 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.