Тоҷикеро кушта ба зиндон рафт ва ба “чангол”-и Пригожин афтод. 5 соли зиндон ба як “ҷанговар”-и “Вагнер” дар Ӯзбекистон

Date:

Ғолиб Алиев, шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар Русия барои куштори як шаҳрванди Тоҷикистон зиндонӣ гардида, аз он ҷо бо даъвати Евгений Пригожин ба сафи ШХҲ “Вагнер” пайваст ва дар Украина ҷангид, дар ватанаш ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Хабаргузории Kun.uz, ки бо парвандаи Ғолиб Алиев, як сокини вилояти Намангони Ӯзбекистон, шинос шудааст, менависад, ӯ соли 2016, вақте дар Русия қарор дошт, барои куштори як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардид ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар хусуси шахсияти шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон маълумот дода намешвад ва ҳам маълум нест, ки сабаби куштори ӯ чӣ  будааст.

Ба навиштаи ин расона, ҳангоми адои муҳлати ҷазо ва баъди оғози ҷанги Русия дар Украина, моҳи сентябри соли 2022, Ғолиб Алиев бо даъвати Евгений Пригожин, роҳбари ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” ба сафи ин гурӯҳ мепайвандад ва дар амалиёти ҷангии Русия алайҳи Украина дар вилояти Лугански Украина ширкат мекунад.

“Ба ӯ  ваъда додаанд, ки доғи судиашро бекор мекунанд, 1,2 миллион рубл ва шаҳрвандии Русияро медиҳанд. Ӯ дар як изҳороти худ гуфтааст, ки 700‑800 зиндонӣ ин пешниҳодро пазируфта ба ҷанг рафтанд”, – менависад Kun.uz.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Ғолиб Алиев 21-уми январи соли 2023 ҳангоми баромадан аз хандақ аз китфи чап захмӣ шуда, бистарии беморхона мешавад ва пас аз тақрибан 50 рӯзи табобат, 17 феврали соли 2023 аз беморхонаи ҳарбӣ рухсат мешавад ва 600 ҳазор рубл мегирад.

Баъди ин, ӯ як муддат анбори хӯроку аслиҳаро муҳофизат карда, 3-юми марти соли 2023, баъди анҷоми мӯҳлати шартнома бо ШХҲ “Вагнер” ба шаҳри Ростови Русия бармегардад ва бо нишони “Барои шуҷоат” қадрдонӣ мешавад.

“Ғолиб Алиев 27-уми декабри соли 2023 ба Ӯзбакистон баргашт. Ӯ изҳор намуд, ки барои гурез аз адои ҷазо ва ҳарчи зудтар ба хона баргаштан ихтиёран ҷангидааст”, – менависад ин хабаргузорӣ.

Дар ӯзбекистон ӯ боздошт гардида, 26‑уми июни соли ҷорӣ бо қисми 1‑и моддаи 154 (зархаридӣ)-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон гунаҳгор дониста шуд ва ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Бояд гуфт, пештар аз ин ҳам Ӯзбекистон як сокини худро бо номи Шавкат Юлдошев барои ҷангидан дар ҳайати ШХҲ “Вагнер” ба 2 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карда буд. Худи Юлдошев гуфта буд, ки дар ҳайати ин гуруҳ ба сохтмон машғул шудааст, аммо наҷангидааст.

Ёдовар мешавем, ки баъди оғози ҷанги Русия дар Украина ва ба дарозо кашидани он, ҷалби зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Артиши Русия ва ШХҲ “Вагнер” ба якборагӣ зиёд шуд. Кор ба ҳадде расид, ки роҳбари ШХҲ “Вагнер” Евгений Пригожин шахсан ба маҳбасҳо рафта, аз зиндониён хост ба сафи гурӯҳаш пайванданд ва дар ҷанги Русияву Украина аз мавқеи русҳо биҷанганд. Ба онҳо авф, маблағ ва шаҳрвандии Русия ваъда карда шуд.

Ҳарчанд ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ расман аз шаҳрвандони худ даъват карданд, ки дар ин ҷанг иштирок накунанд ва аз муҷозот дар ватанашон ёдовар шуданд, аммо теъдоде ҳам даъвати Пригожинро пазируфта ба ҷанг рафтанд. Теъдоде кушта шуда, қисми дигар ҳамакнун, баъди ба давлатҳои худ баргаштан, боздошту равонаи зиндон мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...