Тоҷиконе, ки макотиби олии ВКД-и Русияро хатм кардаанд, уҳдадоранд дар ватан адои хидмат кунанд

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, хабар дар бораи хидмат дар мақомоти пулиси Русия, ки дар Telegram-каналҳо нашр мешавад, асоси воқеӣ надорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои таҳсил ба Русия тибқи барномаҳои маълумоти олии ВКД Русия фиристода мешаванд, ба баргаштан ба ватан пас аз хатми таҳсил ва адои хидмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳадди ақалл […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, хабар дар бораи хидмат дар мақомоти пулиси Русия, ки дар Telegram-каналҳо нашр мешавад, асоси воқеӣ надорад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои таҳсил ба Русия тибқи барномаҳои маълумоти олии ВКД Русия фиристода мешаванд, ба баргаштан ба ватан пас аз хатми таҳсил ва адои хидмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳадди ақалл ба муҳлати 5 сол уҳдадоранд.

Маълумот дар Telegram-каналҳо дар бораи дар мақомоти пулиси Русия хидмат кардани онҳо асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба ТАСС аз шуъбаи омодакунии кадрҳои ВКД Тоҷикистон хабар додаанд.

“Мо аз соли 2007 ва пеш аз ин ҳам бо ВКД Русия созишномаи дутарафа доштем. Мо дар заминаи мактабҳои олии Русия бепул кормандони мақомоти корҳои дохилиро тайёр мекунем ва  онҳо уҳдадоранд, ки пас аз хатми таҳсил дар муддати панҷ сол дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон кор кунанд”, – гуфтааст намояндаи шуъба.

Ба иттилои номбурда, интихоби номзадҳо барои дохил шудан ба мактабҳои олии Русия ҳамасола дар доираи квота сурат мегирад.

“Ҳазорон хатмкардагони мактабҳои олии Русия дар мо хуб кор мекунанд ва ба ҳайати омӯзгорон ва афсарон, ки фарзандони моро таълим медиҳанду мутахассис тайёр мекунанд, изҳори миннатдорӣ мекунем”, – изҳор доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки хатмкардагон аз Тоҷикистон дар ҳама гуна ҳолат наметавонанд дар ВКД Русия адои хидмат кунанд, зеро ВКД Русия шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро ба кор қабул намекунад.

Рӯзи 13 июл дар сомонаи ВКД Тоҷикистон эълон дар бораи қабули довталабон барои таҳсил дар барномаҳои таҳсилоти олии касбии ВКД Русия дар соли таҳсили 2024-2025 нашр шуд. Пас аз ин дар Telegram-каналҳо дар бораи эҳтимоли дар пулиси Русия адои хидмат кардани шаҳрвандони Тоҷикистон маълумот чоп шуд.

Чанде пеш дар ВКД Русия низ ин маълумотро рад намуда, зикр карданд, ки мувофиқи қонуни федералӣ “Дар бораи хидмат дар мақомоти корҳои дохилии Русия ва ворид намудани тағйирот ба санадҳои алоҳидаи қонунгузории Русия”, шаҳрвандоне, ки шаҳрвандӣ  ё тобеияти кишвари хориҷӣ, иҷозаи иқомат ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи иқомат дар дигар кишварро доранд, дар мақомоти пулис ба кор қабул намешаванд.

Эълонҳои ба ин монанди таҳсил дар хориҷаро мунтазам дигар мақомот низ нашр мекунанд. Масалан, моҳи августи соли гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи қабули довталабон ба таҳсил дар Донишгоҳи ҳифзи шаҳрвандии Беларус эълон чоп карда, моҳи июли соли ҷорӣ дар бораи имкони таҳсил дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳоиф фавқулодаи Қазоқистон хабар дода шуда буд. Барои Кумита дар мактабҳои олии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия низ мутахассисон омода карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.