Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус” бо посбони боздоштгоҳ муноқиша кардааст

Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони эҳтимолии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав дар боздоштгоҳи муваққатии Лефортово сари мавзӯи динӣ бо як посбон муноқиша кардааст. Кай рух додани муноқиша маълум нест, вале хабаргузории русии “Московский комсомолец” менависад, ки Далерҷон Мирзоев бо посбони мусулмоне баҳс ва дар ниҳоят кашмакаш кардааст. “Миёни як корманди боздоштгоҳ, ки мусалмон аст […]

Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони эҳтимолии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав дар боздоштгоҳи муваққатии Лефортово сари мавзӯи динӣ бо як посбон муноқиша кардааст.

Кай рух додани муноқиша маълум нест, вале хабаргузории русии “Московский комсомолец” менависад, ки Далерҷон Мирзоев бо посбони мусулмоне баҳс ва дар ниҳоят кашмакаш кардааст.

“Миёни як корманди боздоштгоҳ, ки мусалмон аст ва Мирзоев муколама сурат гирифтааст. Муттаҳам дар ҷараёни муколама дар умум динро сахт танқид кардааст. Ҳарду онҳо ҷангу ҷанҷол кардаанд ва кор то кашмакаш расидааст”, – навишт ин расона.

Гуфта мешавад, ки пас аз ин ҳодиса тасмим гирифта шудааст, ки ҳар гуна робита ва муколаи посбонҳо ва боздоштшудагон то ҳадди имкон маҳдуд карда шавад.

Ин иттилоъро МК расман таъйид карда натавонистааст. Мақомоти марбутаи Русия ҳам перомуни ин ҳодиса расман ҳарфе намезананд.

Дар ҳамин ҳол, ҳодисаи мазкур гумони ифротгарои исломӣ будани Далерҷон Мирзоевро зери суол мебарад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳама гумонбарони ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол” ҳоло дар дар боздоштгоҳи муваққатии Лефортово нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо дар ҳуҷраҳои гуногун ҳастанд ва ҳама гуна муоширати байни онҳо қатъиян манъ аст.

Далерҷон Мирзоеви 32-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз чаҳор гумонбари асосӣ дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” аст. Дар наворе, ки ҳангоми боздошти ӯ сабт шудаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, мушоҳида мешавад, ки ӯро кормандони мақомоти Русия аз болои дарахте дар вилояти Брянск поин фароварда, ба дастонаш завлона мезананд.

Як рӯз пас Мирзоевро дар ҳоле ба додгоҳ оварданд, ки дар сару рӯяш осори латукӯб мушоҳида мешуд.

Падару модар, хешовандон ва омӯзгорони Далерҷон Мирзоев бар гумони даст доштани ӯ дар ҳамлаи террористӣ бовар надоранд. Перомуни ин ҳодиса ва дидгоҳи пайвандони гумонбар дар матлаби зерини “Азия-Плюс” маълумот гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.