Гуфтугӯҳо аз Шакурии Бухороӣ то Мӯъмин Қаноату Бозор Собир. “Муждаи субҳ”-и Суҳроби Зиё ба нашр расид

Китоби нави рӯзноманигори тоҷик Суҳроби Зиё таҳти унвони “Муждаи субҳ” ба чоп расид, ки маҷмӯаи очерку мусоҳибаҳои ӯ бо чеҳраҳои шинохтаи илму адаби кишварро фаро мегирад. Суҳроби Зиё ин очерку мусоҳибаҳоро дар солҳои гуногуни фаъолияти рӯзноманигории худ таълиф кардааст. Китоби мазкур аз 5 бахш иборат аст: – “Дар суҳбати академик Муҳаммадҷон Шакурӣ”; – “Дар суҳбати […]

Китоби нави рӯзноманигори тоҷик Суҳроби Зиё таҳти унвони “Муждаи субҳ” ба чоп расид, ки маҷмӯаи очерку мусоҳибаҳои ӯ бо чеҳраҳои шинохтаи илму адаби кишварро фаро мегирад.

Суҳроби Зиё ин очерку мусоҳибаҳоро дар солҳои гуногуни фаъолияти рӯзноманигории худ таълиф кардааст.

Китоби мазкур аз 5 бахш иборат аст:

– “Дар суҳбати академик Муҳаммадҷон Шакурӣ”;

– “Дар суҳбати соҳибдилон”;

– “Чеҳраномаҳо”;

– “Сӯгномаҳо”;

– ва “Як достон ба поси хотири падарам”.

Ду бахши аввали китоб фарогири мусоҳибаҳои Суҳроби Зиё бо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, академик Саъдинисо Ҳакимова, шоирони маъруф Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Фарзона, адибон Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, рассом Сабзалӣ Шариф ва коргардон Сафарбеки Солеҳ мебошад.

Дар бахшҳои баъдӣ очерку чеҳракушоиҳои муаллиф дар бораи академик Минҳоҷ Ғуломов, журналист Искандар Мирзоев, ҳунарманд Ортиқи Қодир, журналист Бобоҷон Икромов, сиёсатмадор Бӯрӣ Карим, ҳунарпеша Раҷабгул Қосимова, сароянда Фурқати Саид ва дигарон пешниҳоди хонанда шудааст.

Ба китоби “Муждаи субҳ” журналисти шинохта Обид Шакурзода сарсухан навиштааст.

Суҳроби Зиё журналисти шинохтаи тоҷик аст. Ӯ аз охири солҳои 80-ум фаъолияти кориашро дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, баъдан дар ҳафтаномаҳои “Оинаи зиндагӣ” ва “Тоҷикистон” фаъолият кардааст.

Аз моҳи майи соли 1997 то ҳоло дар дафтари бахши форсии ВВС дар Тоҷикистон кор мекунад.

Суҳроби Зиё дар баробари таҳияи садҳо гузориш ва матолиби онлайнӣ, ҳамчунин, муаллифи се филми мустанад аст. Яке аз онҳо дар бораи филмбардор ва аксбардори шинохта Заур Дахте, дуюми дар бораи ҳунари балет дар Тоҷикистон ва сеюм дар бораи шоири маъруфи тоҷик Фарзона, ки ҳар се тариқи телевизиони форсии ВВС пахш шудааст.

Ёдовар мешавем, ки нахустин китоби Суҳроби Зиё бо номи “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” ба табъ расид, ки ба рӯзгор ва осори филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте бахшида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.