Дар Восеъ 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ ҳалок ва боз 5 нафари дигар дар беморхона бистарӣ шуданд

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар вилояти Хатлон бар асари заҳролудшавӣ 2 кӯдак ҳалок шуданд. Боз 5 нафари дигар айни замон бо аломатҳои монанд ба заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ҳамаи онҳо сокинони деҳаи Баҳористони ноҳияи Восеъ мебошанд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз хадамоти санитарӣ-эпидемиологии вилоят хабар дод, писари 11-сола вақте ки худро нотоб ҳис […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар вилояти Хатлон бар асари заҳролудшавӣ 2 кӯдак ҳалок шуданд. Боз 5 нафари дигар айни замон бо аломатҳои монанд ба заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ҳамаи онҳо сокинони деҳаи Баҳористони ноҳияи Восеъ мебошанд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз хадамоти санитарӣ-эпидемиологии вилоят хабар дод, писари 11-сола вақте ки худро нотоб ҳис мекунад, ҳанӯз рӯзи 12 июл ба беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ оварда шудааст.

Дар беморхона ба ӯ сӯзандору (капелнитса) гузаронида, сипас хешовандонаш ӯро ба хона бурдаанд. Аммо баъдтар вазъаш бадтар шуда, ӯро ба беморхонаи шаҳри Кӯлоб мебаранд.

«Дар он ҷо табибон кӯшиш карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, аммо, мутаассифона, шаби 16-уми июл ӯ вафот кард. Тибқи маълумоти пешакӣ, наврас дар натиҷаи заҳролудшавӣ ҳалок шудааст», – гуфт як манбаъ.

Писарчаи 5-солаи дигар рӯзи 13 июл ба беморхона оварда шуда, наҷоти ӯ низ ба табибон муяссар нашудааст.

Сабаби заҳролудшавӣ ҳоло маълум нест.

Дар рӯзҳои минбаъда боз 5 нафари дигар бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба табибон муроҷиат кардаанд. Аз синнусоли онҳо манбаъ маълумот надод.

“Ҳозир мутахассисони Вазорати тандурустӣ ба ноҳия омада, сабаби заҳролудшавиро таҳқиқ мекунанд. Ҳамаи ташхисҳои заруриро гирифта, ба пойтахт фиристоданд”, – иброз дошт манбаъ ва зикр кард, ки яке аз беморон дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб ва 4 нафари дигар дар беморхонаи ноҳияи Восеъ қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.