Дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон истеҳсоли барқ кам шуд

Дар нимсолаи аввали соли равон мистеҳсоли барқ дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон 7% кам шуд: аз 10,1 млрд киловатт-соат дар ҳамин давраи соли 2023 то 9,4 млрд киловатт-соат. Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, истеҳсоли неруи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ баръакс, 46,1% зиёд шудааст: аз 631,2 млн киловатт-соат дар моҳҳои январ-июни соли гузашта […]

Дар нимсолаи аввали соли равон мистеҳсоли барқ дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон 7% кам шуд: аз 10,1 млрд киловатт-соат дар ҳамин давраи соли 2023 то 9,4 млрд киловатт-соат.

Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, истеҳсоли неруи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ баръакс, 46,1% зиёд шудааст: аз 631,2 млн киловатт-соат дар моҳҳои январ-июни соли гузашта то 921,1 млн киловатт-соат дар ҳамин давраи соли равон.

Ҳамчунин итеҳсоли барқ дар неругоҳҳои офтобӣ 4,2 баробар афзудааст: аз 200 ҳазор то 800 ҳазор киловатт-соат.

Ба ин тариқ, дар нисолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10,4 млрд киловатт-соатро ташкил додааст, ки 3,7% камтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ҳиссаи неруи барқи обӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсол аз 93,5% дар зарфи 6 моҳи соли 2023 то 90,4% дар ҳамин давраи соли 2024 коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 6 моҳи имсол ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 34,8 млрд доллар неруи барқ интиқол дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 млн доллар ё худ 19,9% камтар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.