Ҷо Байден аз иштирок дар интихоботи президентии ИМА даст кашид

Asia-Plus

Президенти кунунии ИМА ба даъватҳои ҳамсафон гӯш дода, чаҳор моҳ пеш аз интихобот аз мубориза бо Доналд Трамп барои раҳбарии Амрико даст кашид. Хабар дар ин бора рӯзи 21 июл дар аккаунти ӯ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) нашр шуд.

Байден навишт, ки хидмат ба мардуми амрикоӣ ҳамчун президент барои ӯ шарафи бузург аст ва ният дошт дар интихобот иштирок кунад, аммо ба манфиати ҳизби худ ва кишвар бояд аз иштирок дар маъракаи интихоботӣ даст кашад ва то охири муҳлати ҳозираи худ ба иҷрои вазифаҳои президентӣ тамаркуз кунад.

Дар изҳороти худ президенти ИМА махсусан ба кору фаъолияти ноиби президент Камола Ҳарис, ки ӯро шарики фавқулода номид, изҳори миннатдорӣ кард.

«Аввалин қарори ман ҳамчун номзади ҳизб дар соли 2020 ин буд, ки Камола Ҳарисро ҳамчун ноиби президенти худ интихоб кунам. Ва ин беҳтарин тасмиме буд, ки ман гирифтам. Имрӯз мехоҳам номзадии Камоларо ба вазифаи номзади ҳизби мо дар ин сол комилан дастгирӣ ва тасдиқ кунам», – изҳор намуд Байден.

Номзади демократҳо расман дар анҷумани миллии ҳизб, ки бояд аз 19 то 22 август баргузор шавад, пешбарӣ хоҳад шуд.

Ҳафтаи оянда Байден бо муроҷиат ба мардум дар бораи қарори худ ва амалҳои минбаъда ба таври муфассал суханронӣ хоҳад кард.

Кормандони баландпояи ситоди интихоботии Байден аз қарори ӯ каме пеш аз нашри мактуби президент ба амрикоиҳо хабар ёфтанд. CNN менависад, ба гуфтаи мансабдори баландпояи Кохи Сафед, , Ҷо Байден дар ин бора чанд рӯзи охир фикр мекард. Бисёре аз кормандони одии Кохи Сафед дар бораи қарори қабулшуда аз мактуби нашршуда огаҳӣ ёфтанд.

Сармушовири Байден гуфтааст, тасмими ниҳоӣ дар бораи хориҷ шудан аз сабқати интихоботиро президент дар 48 соати охир ҳангоми машварат бо оила ва мушовиронаш гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...