Бонки ҷаҳонӣ бузургтарин қарздоронро байни корхонаҳои давлатии Тоҷикистон номбар кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад, аксари корхонаҳои бузург бо шарикии давлат дар Тоҷикистон камдаромад ва зиёноваранд, ки ин барои суботи молиявии кишвар хатарҳои ҷиддии молиявӣ эҷод мекунад.

Қарзи умумии 27 корхона бо саҳми давлат, ки фаъолияти онҳо зери назорати Вазорати молияи кишвар қарор дорад, дар аввали соли 2024 ба 60,8 млрд сомонӣ (зиёда аз 5,5 млрд доллар) расидааст. Ин нишондиҳанда, мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ба 46,5% ММД-и соли гузашта баробар аст.

Дар садри рӯйхати бузургтарин қарздорон ҶСК "Барқи Тоҷик" қарор дорад. Қарзи умумии ин корхона бо назардошти қарзҳо барои лоиҳаҳои энергетикӣ, беш аз 37,4 млрд сомонӣ (тақрибан 3,4 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Пас бозсозии сохтори ШСХК "Барқи Тоҷик" ду ширкати мустақил таъсис дода шуданд: ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ", ки мутаносибан ба интиқол ва тақсими нерӯи барқ ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ машғуланд. Ҳамаи қарзҳои ҷамъшудаи пешинаи холдинг дар тавозуни акнун ҶСК "Барқи Тоҷик", ки баъди бозсозии сохтор танҳо ба истеҳсоли нерӯи барқ машғул аст, боқӣ монданд.

Дар ҷои дуюми рӯйхати бузургтарин қарздорон ҶСК "НБО Роғун" қарор дорад, ки қарзаш ба 9,3 млрд сомонӣ (тақрибан 850 млн доллар) баробар аст.

Миёни дигар қарздорони нисбатан бузург дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶСК “Тоҷиктрансгаз” зикр шудаанд, ки дар охири соли 2023  қарзи умумии онҳо 2,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 210 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар замима ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ рӯйхати 27 корхонаи давлатии бузурги Тоҷикистон зикр шудааст, ки зери назорати Вазораи молияи Тоҷикистон қарор доранд. Ба ҷуз корхонаҳои зикршда, дар он корхонаҳои зерин ҳам ҳастанд:

ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе»

ҶСК «Тоҷик Эйр»

КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд»

ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб»

КВД «Ангишти Тоҷик»

«Алюмин Сохтмон»

КВД «Сементи Тоҷик»

ҶСК «Телерадиоком»

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»

КВД «Тоҷиксуғурта»

КВД «Обу корези Хуҷанд»

КВД «Бақайдгирии амволи ғайриманқул ва моликият»

КВД «Обу корези Душанбе»

БДА «Амонатбонк»

ҶСШК «Тоҷикхимпром»

ҶСК «Тоҷиктелеком»

КМ «Апрелевка»

ҶСК «НБО Сангтӯда-1»

КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»

КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»

КМ «Зарафшон»

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...