Вазорати тандурустӣ сабаби заҳролудшавии одамонро дар ноҳияи Восеъ шарҳ дод

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки ба заҳролушавии 7 нафар дар ноҳияи Восеъ хӯришҳо (салатҳо)-и консервшуда сабаб шудааст. Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорат хабар доданд, ҳамаи заҳролудшудагон – 6 кӯдак ва 1 шахси калонсол (қаблан дар бораи 7 нафар кӯдакон хабар дода шуда буд, – эзоҳи идора) аъзои як оила […]

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки ба заҳролушавии 7 нафар дар ноҳияи Восеъ хӯришҳо (салатҳо)-и консервшуда сабаб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорат хабар доданд, ҳамаи заҳролудшудагон – 6 кӯдак ва 1 шахси калонсол (қаблан дар бораи 7 нафар кӯдакон хабар дода шуда буд, – эзоҳи идора) аъзои як оила нестанд.

“Ҳамаи онҳо ҳамсоя буда, якҷоя хӯрок хӯрдаанд, ки ба заҳролушавӣ оварда расонидааст. Айни замон ҷабрдидагони дигар, ки дар беморхона қарор доранд, худро хуб ҳис мекунанд”, – иброз дошт манбаъ.

Манбаъ дар бораи маҳз чӣ гуна ва дар куҷо хӯрок хӯрдани заҳролушудагон маълумот надод.

Дар Вазорат ҳамчунин изҳор намуданд, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратура тафтишотро оғоз кардааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заҳролудшавӣ 2 кӯдак ҳалок шуда, боз 5 нафари дигар бо аломатҳои монанд ба заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуда буданд. Ҳамаи онҳо сокинони деҳаи Баҳористони ноҳияи Восеъ мебошанд.

Як манбаъ аз хадамоти санитарӣ-эпидемиологии вилоят хабар дода буд, ки вақте писари 11-сола худро нотоб ҳис мекунад, рӯзи 12 июл ба беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ оварда мешавад.

Дар беморхона ба ӯ сӯзандору (капелнитса) гузаронида, сипас хешовандонаш ӯро ба хона бурдаанд. Аммо баъдтар вазъаш бадтар шуда, ӯро ба беморхонаи шаҳри Кӯлоб мебаранд. Дар он ҷо табибон кӯшиш карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, аммо, мутаассифона, шаби 16-уми июл ӯ вафот кард.

Писарчаи 5-солаи дигар рӯзи 13 июл ба беморхона оварда шуда, наҷоти ӯ низ ба табибон муяссар нашуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.