Олимпиадаи Париж – 2024: Варзишгарони тоҷик кай ба рақобат оғоз мекунанд?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26 июл то 11 август дар пойтахти Фаронса баргузор мешаванд. Тоҷикистонро 14 нафар намояндагӣ мекунанд. 11 нафар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои интихобӣ роҳхат дарёфт намуда, боз 3 варзишгари дигар аз рӯи квотаҳо иштирок мекунанд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи  22 июл ҳайати олимпичиёни кишвар ба 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 сафарбар гардид. 12 узви мунтахаби олимпӣ аллакай дар Париж қарор дошта, 2 нафари дигар рӯзи 31 июл ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.

Деҳаи олиимпӣ дар қисмати шимоли наздикии шаҳри Париж воқеъ буда, майдони 52 гектарро фаро мегирад. Он аз 50 манзил, майдону биноҳо барои тамрин, дармонгоҳ, ошхона ва дигар зерсохтори зарурӣ барои зиндагӣ ва истироҳат иборат аст.

Дар деҳаи олимпӣ ба сурати умум ҳудуди 14,5 нафар, аз ҷумла 9 ҳазор нафар варзишгарон  зиндагӣ хоҳанд кард.

Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ-2024 рӯзи 26 июл дар дарёи машҳури Фаронса – Сена баргузор мешавад. Яъне бори нахуст дар таърихи бозиҳо ин маросим на дар майдони варзишгоҳ, балки дар пасманзари ёдгориҳои машҳури Париж доир мегардад. Пойтахти Фаронса маротибаи сеюм Бозиҳои олимпиро пазироӣ мекунад. Қаблан солҳои 1900 ва 1924 дар ин шаҳр бозиҳо баргузор шуда буданд.

Ҳайатҳои варзишгарони кишварҳо дар қаиқҳо масофаи 6-километраи обгузарро шино мекунанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:

Ҷудо. 66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ. 73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода. 81 кг – Сомон Маҳмадбеков. 90 кг – Комроншоҳи Устопириён. 100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов. +100 кг – Темур Раҳимов.

Бокс. 57 кг – Миҷгона Самадова. 63,5 кг – Баҳодур Усмонов. 92 кг – Давлат Болтаев.

Таэквон-до WT. +67 кг – Мунира Абдусаломова.

Гӯштини тарзи озод. 74 кг – Виктор Рассадин.

Шиноварӣ. Екатерина Бордачева (50 ва 100 м), Фахриддин Маҳкамов (50 и 100 м).

Варзиши сабук. Фаворис Музрапов, 100 м.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо парафшонии парчами Тоҷикистон дар вақти гузаштани ҳайат ба дӯши ҷудокор Темур Раҳимов вогузор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки барои дарёфти медалҳо дар Олимпиадаи Париж ба варзишгарони тоҷик аз номи раиси шаҳри Душанбе хонаҳои 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ тақдим мешавад. Ғайр аз ин, онҳо аз номи президент бо 300, 250 ва 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҷадвали ба рақобатҳо оғоз намудани варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Париж:

27 июл, 20:00 (дшб)

Бокс. 63,5 кг. Баҳодур Усмонов.

28 июл. 13:00 (дшб)

Ҷудо. 66 кг. Нуралӣ Эмомалӣ‌.

15:00 (дшб)

Бокс. 92 кг. Давлат Болтаев.

29 июл. 13:00 (дшб)

Ҷудо. 73 кг. Беҳрӯ‌зи Хоҷазода.

30 июл. 13:00 (дшб)

Ҷудо. 81 кг. Сомон Маҳмадбеков.

16:00 (дшб)

Бокс. 57 кг. Миҷгона Самадова.

31 июл. 13:00 (дшб)

Ҷудо. 90 кг. Комроншоҳи Устопириён.

1 август. 13:00 (дшб)

Ҷудо. 100 кг. Ҷаҳонгир Маҷидов.

2 август. 13:00 (дшб)

Ҷудо. +100 кг. Темур Раҳимов.

Шиноварӣ. 50 м (тарзи озод). Фахриддин Мадкамов.

3 август. 13:45 (дшб)

Давидан. 100 м. Фаворис Музрапов.

14:00 (дшб)

Шиноварӣ. 50 м. (тарзи озод). Екатерина Бордачева.

9 август. 14:30 (дшб)

Гӯштини тарзи озод. 74 кг. Виктор Рассадин.

10 август. 12:00 (дшб)

Таэквон-до WT. +67 кг. Мунира Абдусаломова.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...