Як шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Алмато мадрасаи пинҳонӣ ташкил кардааст

Зодаи Тоҷикистон дар вилояти Алматои Қазоқистон мадрасаи ғайриқонунӣ (пинҳонӣ) ташкил карда, дар он 19 нафар кӯдакон таълими динӣ мегирифтаанд. Дар ин бора Zakon.kz хабар медиҳад. "Мақомоти додситонии ноҳияи Қарасай дар ҳамдастӣ бо додситонии вилояти Алмато дар доираи лоиҳаи "Кӯдакии хушбахт ва бехатар" якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти ваколатдор мадрасаи ғайриқонунии диниро, ки дар […]

Зодаи Тоҷикистон дар вилояти Алматои Қазоқистон мадрасаи ғайриқонунӣ (пинҳонӣ) ташкил карда, дар он 19 нафар кӯдакон таълими динӣ мегирифтаанд. Дар ин бора Zakon.kz хабар медиҳад.

"Мақомоти додситонии ноҳияи Қарасай дар ҳамдастӣ бо додситонии вилояти Алмато дар доираи лоиҳаи "Кӯдакии хушбахт ва бехатар" якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти ваколатдор мадрасаи ғайриқонунии диниро, ки дар он 19 кӯдак таълим мегирифтанд, ошкор карданд", – омадааст дар хабар.

Мадраса дар қаламрави манзили хухусӣ амал карда, шаҳрванди Тоҷикистон бо истифода аз адабиёти динӣ кӯдаконро таълим медодааст.

“Дар ҷараёни азназаргузаронӣ 178 нусха адабиёти динӣ, инчунин телефони мобилӣ ва ноутбук дарёфт ва мусодира шуда, ба ташхис фиристода шуданд, – хабар медиҳад додситонии вилоят. – Масъалаи ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани боздоштшуда мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамаи кӯдакон ба волидонашон баргардонида шуданд”.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Уфа (Русия) хабар дода шуда буд, ки 16 нафар кӯдаконро дар хона нигоҳ медоштанд. Мардон дар ин хона мадрасаи ғайриоқонунӣ ташкил карда буданд.

Ҳодисаи ба ин монанд дар Қирғизистон ҳам рух дода, он ҷо низ шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд. Рӯзи 11 июл дафтари мтбуоти КДАМ Қирғизистон дар бораи ошкор шудани ду лагери ғайриқонунии динӣ дар Бишкек хабар дод.Тибқи маълумоти хадамоти махсус, ин муассисаҳо бидуни қайд дар Комиссияи давлатии умури дин фаъолият доштанд. Дар ин лагерҳо 110 нафар кӯдакон – писарону духтарони синни аз 6 то 17-сола таҳсил мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.