Вазорати тандурустӣ сабаби заҳролудшавии одамонро дар ноҳияи Восеъ шарҳ дод

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки ба заҳролушавии 7 нафар дар ноҳияи Восеъ хӯришҳо (салатҳо)-и консервшуда сабаб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорат хабар доданд, ҳамаи заҳролудшудагон – 6 кӯдак ва 1 шахси калонсол (қаблан дар бораи 7 нафар кӯдакон хабар дода шуда буд, – эзоҳи идора) аъзои як оила нестанд.

“Ҳамаи онҳо ҳамсоя буда, якҷоя хӯрок хӯрдаанд, ки ба заҳролушавӣ оварда расонидааст. Айни замон ҷабрдидагони дигар, ки дар беморхона қарор доранд, худро хуб ҳис мекунанд”, – иброз дошт манбаъ.

Манбаъ дар бораи маҳз чӣ гуна ва дар куҷо хӯрок хӯрдани заҳролушудагон маълумот надод.

Дар Вазорат ҳамчунин изҳор намуданд, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратура тафтишотро оғоз кардааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заҳролудшавӣ 2 кӯдак ҳалок шуда, боз 5 нафари дигар бо аломатҳои монанд ба заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуда буданд. Ҳамаи онҳо сокинони деҳаи Баҳористони ноҳияи Восеъ мебошанд.

Як манбаъ аз хадамоти санитарӣ-эпидемиологии вилоят хабар дода буд, ки вақте писари 11-сола худро нотоб ҳис мекунад, рӯзи 12 июл ба беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ оварда мешавад.

Дар беморхона ба ӯ сӯзандору (капелнитса) гузаронида, сипас хешовандонаш ӯро ба хона бурдаанд. Аммо баъдтар вазъаш бадтар шуда, ӯро ба беморхонаи шаҳри Кӯлоб мебаранд. Дар он ҷо табибон кӯшиш карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, аммо, мутаассифона, шаби 16-уми июл ӯ вафот кард.

Писарчаи 5-солаи дигар рӯзи 13 июл ба беморхона оварда шуда, наҷоти ӯ низ ба табибон муяссар нашуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...