Маош зиёд шуд. Пас болоравии нархҳоро ҳам интизор бошем?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аввали моҳи оянда кормандони соҳаи буҷет маоши ба таври назаррас болорафта ба андозаи 40%-ро интизорӣ доранд. Ҳамчунин ҳаҷми нафақа ва стипендия (ба андозаи 30%) афзуд. Маоши кормандони сохторҳои қудратӣ низ аз 1 январи соли равон (40%) зиёд шуд.

Қобили зикр аст, ки маоши кормандони буҷет дар даҳсолаи ҷорӣ қариб ҳар сол зиёд мешавад: аз 10-15% дар соли 2020, 20-25% дар солҳои 2022 ва 2023 то болоравии рекордии соли ҷорӣ. Танҳо соли 2021 истисно буд.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, музди меҳнати кормандони буҷет тайи панҷ соли ахир ба ҳисоби миёна беш аз ду баробар, нафақа ва стипедияҳо – қариб ду баробар боло рафтанд.

Ҳамчунин аз 1 июли ҳамин сол ҳаҷми маоши ҳадди ақалл (минималӣ) ба андозаи 33,3% (аз 600 то 800 сомонӣ) зиёд шуд. Нишондиҳандаи мазкур ба истилоҳ “хати сурх”-е мебошад, ки набояд дар кишвар камтар аз ин маош бошад. Ин нишондиҳанда сарфи назар аз шакли моликият, ба ҳамаи корфармоён дахл дорад.

Гап сари он аст, ки мақомот барои муқаррар намудани ҳаҷми маош дар бахши ғайридавлатӣ ваколат надоранд. Танҳо пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иҷтимоиву молиявӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, метавон ин хати сурхро “кашид”, ки барои ҳамаи корфармоён ҳамчун як нишондиҳанда мешавад.

Бо вуҷуди ин, тибқи маълумоти оморӣ, сарфи назар аз шакли моликияти муассиса ва ташкилоту корхонаҳо, музди меҳнат дар кишвар дар панҷ соли охир, дар сатҳи кофии баланд боло рафтааст.

Болоравии нисбатан баланди музди миёнаи музди меҳнат дар ин давра дар соҳаҳои бонкдорӣ ва маориф ба қайд гирифта шудааст.

Дар интизории болоравии нархҳо

Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбати “Азия-Плюс” бо чанде аз сокинони одии кишвар онҳо изҳор намуданд, ки баъди ҳар болоравии музди меҳнат фавран болоравии назарраси нархи молҳои истеъмолӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар ҳамин ҳол, нархи маҳсулоти серталаб бештар боло меравад.

Дар натиҷа, иловапулиҳо ба  музди кормандони буҷетӣ ба сифр баробар мешаванд, аммо аз ҳама таассуфовараш онҳое азоб мекашанд, ки муздашон ба буҷаи давлатӣ ҳеҷ рабт надорад.

Иқтисодчиён бо назардошти қонунҳои бозори озод, нигарониҳои мардумро комилан асоснок меҳисобанд: вақте ки дар бозор пул зиёд мешавад, молҳо гарон мешаванд ва баръакс.

Аммо, тавре ки аз маълумоти омори расмӣ бармеояд, ки ин назарщо начандон дуруст мебошанд, бахусус дар солҳои охир.

Аммо шаҳрвандони қаторӣ кайҳо ва қатъӣ ба омор бовар намекунанд, махсусан ба маълумот оид ба даромади аҳолӣ ва сатҳи таваррум.

Нобоварии мардумро дар ин масъала наметавон дастгирӣ ё рад кард, зеро омори алтернативӣ вуҷуд надорад. Танҳо метавон аз рӯи омори шахсӣ ҳукм кард, ки тавассути он аз тағйирёбии арзиши баъзе мол ва хидматрасониҳо огаҳӣ меёбӣ.

Дар ҳамин ҳол, баъзе иқтисодчиён бар ин назаранд, ки музди меҳнат дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи баланди таваллуд беқурб мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ, афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон дар даҳсолаи охир 2,3%-ро ташкил медиҳад, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар фазои пасошӯравӣ ва яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон аст.

Оилаи миёна дар ҷумҳурӣ аз 6-7 нафар иборат аст ва бо назардошти ба зиёда аз 10 млн нафар расидани теъдоди аҳолии кишвар, шумораи оилаҳо зиёда аз 1,6 миллионро ташкил медиҳад. Дар ин ҳолат, асосан 1-2 узви оила кор мекунанд.

Камбизоаттарин миёни камбизоатон

Сарфи назар аз баландшавии ҳарсолаи маоши кормандони буҷет, музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон чандин маротиба аз музди меҳнат дари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки яке аз минтақаҳои камбизоаттарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, чандин бор пасттар аст.

Маҳз ҳамин воқеият, ба андешаи таҳлилгарон, миллионҳо тоҷикистониёнро маҷбур месозад, ки барои пайдо кардани маоши шоистатар ба дигар кишварҳо муҳоҷират ихтиёр карда, азобу машаққат ва таҳқирҳоро таҳаммул намоянд, ба ҳар гуна кор машғул шаванд ва ҳатто ба ҷиноят даст зананд.

Меҳнати фидокоронаи муҳоҷирон дар хориҷа суботи иҷтимоиву иқтисодиро дар ҷумҳурӣ нисбатан нигоҳ медорад. Онҳо бо пулҳои худ, бе муболиға натанҳо зиндагии оилаҳои худро дастгирӣ мекунанд, балки савдогаронро низ бо воситаҳои гардиш таъмин намуда, мутаносибан ба буҷети кишвар аз даромад андоз пардохт мешавад ва ширкатҳои воридкунанда бо асъори зарурӣ таъмин мешаванд.

Тасаввур кардан душвор, ки агар ин пулҳо набошанд, бо иқтисоди кишвар чӣ мешавад. Аммо онҳо ҳастанд ва дар солҳои охир бо миқдори рекордӣ афзоиш меёбанд, ки то андозае дар сатҳи кофӣ будани музди меҳнати мавҷуда дар ҷумҳуриро нишон медиҳад.

Тибқи маълумоти Бонки осиёии рушд, соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ “ногаҳон афзуда”, то 5,3 млрд доллар (49% нисбат ба ММД) расид, ки қариб ду баробар аз ҳаҷми соли 2021 (2,9 млрд доллар) зиёд аст.

Соли 2023 тамоили зикршуда идома ёфта, аз рӯи натиҷаҳои сол ба ҷумҳурӣ 5,7 млрд доллар маблағ ворид гардид, ки 6,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст.

То соли 2022 ҳаҷми нисбатан зиёди интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар соли 2013 – ҳудуди 3,7 млрд доллар ба қайд гирифта шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...