Дар Тоҷикистон 1209 минтақаи хавфнок барои зиндагӣ ба қайд гирифта шудааст

Имсол дар Тоҷикистон аз минтақаҳои хавфнок барои зиндагӣ кӯчонидани 175 хонавода ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар дода шуд. Соли равон бар асари офатҳои табиӣ зиёда аз 6500 нафар муваққатан кӯчонида шуданд. Ба иттилои Кумита, имрӯз дар қаламрави кишвар 1209 минтақаи хавфнок (соли 2021 – 1471 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Имсол дар Тоҷикистон аз минтақаҳои хавфнок барои зиндагӣ кӯчонидани 175 хонавода ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар дода шуд. Соли равон бар асари офатҳои табиӣ зиёда аз 6500 нафар муваққатан кӯчонида шуданд.

Ба иттилои Кумита, имрӯз дар қаламрави кишвар 1209 минтақаи хавфнок (соли 2021 – 1471 чунин минтақа буд) барои ҳаёт ба қайд гирифта шуда, аҳолӣ аз ин ҷойҳо тадриҷан кӯчонида мешавад.

Зикр шуд, ки соли гузашта 225 хонавода аз чунин минтақаҳо ба ҷойҳои дигари амн кӯчонида шудаанд.

“Камшавии минтақаҳои хавфнок ба туфайли давра ба давра кӯчонидани сокинон, баргузор намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ва мақомоти маҳаллӣ имконпазир шуд, – гуфтанд дар ин ниҳод. –

Аз ҷумла, дар минтақаи Кӯлоб, ки хеле осебпазир дониста шуда, ҳукумат барои беҳбуди зерсохтор ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода аз захираҳои давлатӣ маблағу воситаҳо ҷудо мекунад, натиҷаҳои кор аллакай аён аст: дар ин ҷо аз 15 апрел то охири моҳи май 256 ҳодисаи хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шуда, лекин ба туфайли тадбирҳои андешида пешгирии бузургтар шудани миқёси онҳо муяссар гардида, зиёни расида ва теъдоди ҷабрдидагон кам шуд”.

Дар Кумита зикр карданд, ки барои сарвиақт андешидани тадбирҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар чораҳо оид ба омода намудани зерсохтор ба офатҳо, ҳукумат ба сурати умум 19 млн сомонӣ ҷудо кард.

Қаблан Кумита хабар дода буд, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 15 нафар ҳалок шуданд. Ҳаҷми умумии зарар аз ин ҳодисаҳо дар ин давра 130 млн 663 ҳазору 500 сомонӣ арзёбӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?