Толибон мехоҳанд, ки марзро бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон аз нав муайян кунанд

Date:

Хати сарҳадҳо байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бинобар обхезиҳо шуста шуда, дубора муайян карда мешаванд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири энергетика ва захираҳои обии ҳукумати толибон* Абдул Латиф Мансур изҳори назар кардааст. Дар ин бора TOLOnews хабар медиҳад.

«Сарҳадҳои мо бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон бинобар обхезиҳо шуста шудаанд. Мо корҳои муҳимеро барои муайян кардани сарҳадҳои қаблӣ анҷом медиҳем ва 20 рӯз пеш ин масъаларо бо роҳбари олии худ баррасӣ кардем», – гуфтааст Мансур.

Ба гуфтаи ӯ, таъйину аломатгузории сарҳадҳо мутобиқи стратегияи нави муайян кардани сарҳадҳо байни Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки аз обхезиҳо зарар дидаанд, гузаронида мешавад.

Мансур изҳор дошт, ки ин «нақша, ки бо дастури роҳбари Аморати Исломӣ (амир Ҳайбатуллоҳ Охундзода – эзоҳи «Азия-Плюс») таҳия шудааст, дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои дохилӣ, хориҷӣ, мудофиа ва Сарраёсати иктишофӣ амалӣ карда мешавад.

Тафсилоти стратегияи зикршуда аз ҷониби роҳбари Вазорати энергетика шарҳ дода нашудааст.

Намояндагони вазорат таъкид кардаанд, ки Раёсати захираҳои оби Афғонистон ба ҳеҷ як кишвар зарар нахоҳад расонд.

«Ҳеҷ яке аз амалҳои мо барои зарар расонидан ба ҳамсояҳо равона нашудааст. Мо аз ҳиссаи одилонаи оби худ зиёда ба зарари ҳамсояҳо истифода набурдем ва чунин ният ҳам надорем», – изҳор доштаст сармушовири Вазорати энергетикаи Афғонистон Форуқ Аъзам.

Қобили зикр аст, ки сарҳадҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва қисман Туркманистон бо Афғонистон аз маҷрои Амударё (дар Тоҷикистон – аз рӯди Панҷ, ки бо Вахш якҷоя шуда, Амударёро ташкил медиҳад) мегузаранд. Аз се ҷумҳурӣ сарҳад бо Тоҷикистон дарозтарин аст – 1344 км.

Баъди сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон, онҳо ба сохтмони канали обёрии Қуштеппа, ки аз Амударё сарчашма гирифта, баъд аз анҷоми лоиҳа заминҳои се вилояти шимолии Афғонистон – Форёб, Балх ва Ҷузҷонро бо об таъмин мекунад, оғоз карданд.

Ин нақшаҳо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, хусусан Ӯзбекистон ва Туркманистонро, ки қисми зиёди оби Амударёро мегиранд ва аз камбуди он дар ташвишанд, нигарон кард.

Аммо мақомоти Афғонистон изҳор медоранд, ки онҳо ба гирифтани ҳиссаи маҷрои дарёи фаромарзӣ, ки то ҳол истифода намекарданд, ҳуқуқ доранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...