Ифтитоҳи 31 парванда дар бахши гумрук дар шаш моҳ

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 ҳазору 943 ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 444 ҳолат бештар аст. Дар ин бора дар Хадамоти гумрук зимни ниҳасти матбуотӣ хабар дода шуд.  Ба иттилои ин ниҳод, аз шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайдгирифташуда аз рӯйи 31 далел парвандаи ҷиноӣ […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 ҳазору 943 ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 444 ҳолат бештар аст. Дар ин бора дар Хадамоти гумрук зимни ниҳасти матбуотӣ хабар дода шуд. 

Ба иттилои ин ниҳод, аз шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайдгирифташуда аз рӯйи 31 далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта аз 1 ҳазору 499 ҳолати ба қайдгирифташуда аз рӯйи 30 далел парванда боз шуда буд.

“Аз ҷумла, дар ин давра 13 парванда бо моддаи 289 (қочоқ), 9 парванда бо моддаи 340 қисми 1 (сохтакорӣ), 4 парванда бо моддаи 209 қисми 1 (истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар супоридани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад), 1 парвандаи бо моддаҳои 210 иловаи 1 (ғайриқонунӣ ба муомилот баровардани дорувории бесифат), 200 (муомилоти ғайриоқонунии воситаҳои нашъадор), 259 иловаи 1 (истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда) ва 2 парванда бо моддаи 284 (бастани аҳди ғайриқонунӣ бо металҳои қиматбаҳо) боз шудааст” – гуфта шуд дар нишаст.

Ҳамчунин, дар нимсолаи аввали соли 2024 вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 1 ҳазору 912 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 443 ҳолат бештар аст. 

“Дар натиҷаи баррасии ин парвандаҳо 1900 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии мамурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 3 млн 747 ҳазору 101 сомонӣ ҷарима шуданд” – қайд намуданд дар Хадамот.

Илова бар ин, мувофиқи маълумоти Хадамот, дар давраи ҳисоботӣ 130 ҳолати интиқоли ғайриқонунии молҳои зераксизӣ, аз ҷумла 42 ҳолати интиқоли маҳсулоти спиртӣ, 38 ҳолати маҳсулоти тамоку, 2 ҳолати маснуоти заргарӣ ва 48 ҳолати интиқоли дигар молҳои зераксизӣ, ба мисли нӯшокиҳои газнок, нӯшокиҳои қувватбахш, резинчархҳо ва воситаҳои нақлиёти сабукрав ошкор карда шудааст.

Ба гуфтаи масъулони Хадамоти гумрук, дар нимсолаи аввали соли 2024 баъд аз барасмиятдарории гумрукӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамот 405 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор ва 29 млн 624 ҳазору 863,91 сомонӣ пардохтҳоои гумрукии иловагӣ муайян гардиданд. Илова бар ин, дар ин самт 21 парвандаи ҳуқуқваронкунии маъмурӣ оғоз градида, ба маблағи 31 ҳазору 320 сомонӣ ҷарима таъйин ва ситонида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.